«Таьлили мавз=ии дубайтиьои Муьаммад Иыбол»

Наыша:

1 Зиндагинома ва осори Аллома Муьаммад Иыбол

2 Мавз=ъбандц ва таьлили дубайтиьо

3 Тажассуми фалсафаи Иыбол дар дубайтиьо

4 Хулоса

" Дар Иыбол се заминаи р=ь ва хирадро ба некц пай бурдан мумкин аст: олами Ьинд, Ислом ва фалсафаи Аврупо. Ин аст се сарчашмаи асосие, ки осори жовидонаи =ро оби зиндагц медиьад".

Свис Ьерман Ьессе

Эй басо шоир ки баъд аз марг зод,

Чашми худ барбасту чашми мо кушод.

Рахти ноз аз нестц берун кашид,

Чун гул аз хоки мазори худ дамид.

Иыбол

Муьаммад Иыбол 3-юми зилыаъдаи соли 1294 ьижрц, мутобиыи 9-ноябри соли 1877 мелодц дар шаьри Сиёлкути музофоти Панжоб ба дунё омадааст. Гузаш - тагони = аз насли ыадимаи бараьманьои Кашмир Сапру буда, дар асри 17 дини мубини Исломро ыабул кардаанд. Дар осори худи Иыбол низ дар бораи бараьманзодагц ва дар асл аз мардуми Кашмир буданаш ишораьои зиёд ба чашм мерасанд.

Маро бингар, ки дар Ьиндустон дигар намебинц,

Баратьманзодае рамзошнои Руму Табрез аст.

Ё

Танам гуле аз хиёбони жаннати Кашмир,

Дил аз ьарими Ьижозу наво зи Шероз аст

Хонаводаи Иыбол ба доираи баргузидаи аъёну ашрофи мусалмон тааллуы надошт. Падараш Шайх Нурмуьаммад аз тожирони миёнаьол, шахси муъмин, маърифатнок, м=ътаыиди щояьои тасаввуф буд ва мехост минбаъд писараш низ сав-дою тижорат касб кунад. Дар ьаёти оилавц дину оин мавыеи муьим дошт ва шахсияти Иыбол дар муьити эътиыод ба ыонуну ыоидаьои исломц, порсоц, парастиши маънавият ташаккул меёфт.

Иыбол маълумоти ибтидоиро дар мактаб ва мадрасаи Сиёлкут гирифта, айёми таьсил аз адиб ва донишманди машьур Мавлавц Мир Ьасан нозукиьои забони арабиву форсц, урду ва таърихи адабиёти Шарыро ом=хт.

НЕ нашли? Не то? Что вы ищете?

Баъди хатми мадраса Иыбол таьсилро дар коллежи техники Сиёлкут идома дод. чун онро бо баьои аъло хатм намуд, ба дарёфти жоизаи ьукуматц, ки иборат аз к=маки харжи таьсили минбаъда барои ду сол буд, мушарраф гардид. Ба ин васила, бо машварати Мавлавц Мир Ьасан ва ризояти падар Иыбол барои идомаи таьсил дар коллежи давлатии Лоьур ба пойтахти Панжоб рафт ва соли 1899 коллежро бо медали тилло хатм карда, дар сини 22-солагц ба гирифтани унвони илмии магистри фалсафа шарафёб шуд. Аз ьамин сол эътиборан дар коллежи ховаршиносии Донишкадаи давлатии Панжоб ба ьайси муаллими фалсафа ва ьуыуы ба фаъолият шуруъ кард. Дере нагузашта Иыболро ба Донишкадаи давлатии Лоьур ба кор ыабул карданд. Маьз дар ьамин жо =- дар баробари таълиму тарбияи жавонон гоми нахустин ба жодаи илм гузошт. Дар яке аз мушоираьои маьфили адабц Иыбол бо унвони «К=ьи Ьимолой», ки минбаъд дар мажм=оти ашъораш бо номи «Ьимолой» ворид гардидааст, баромад кард. Манзума саршор аз оьанги ватанпарастц буда, шоир дар он бо риояи анъанаьои назми форсц, бо услуби ба худ хосе фикрьои бикрро щунжоиш дода буд.

Бояд гуфт, ки Иыбол мардест. ки дар ощоз бо улуми исломц мужаььаз шуд ва тамаддуни исломиро ба хубц шинохт ва сольо дар сарзамини фалсафии Щарб саёьат намуд. Ом=зиши ьамаджонибаи «Ыуръони Карим», тафсири он ва аьодиси паёмбари бузурги Ислом ьазрати Муьаммад (с) барои Иыбол мактаби бузурги илмц буд. Ба жуз ин наыш ва таъсири бузургони илму адаби тожику форс дар жахонбинии = назаррас аст. Аз жумлаи чунин бузургон Маьмуди Шабистарц, Носири Хусрави Ыубодиёнц, Мавлоно Жалолуддини Румц, Фахриддини Ироыц, Ьофизи Шерозц, Саъдии Шерозц, Абдураьмони Жомиро метавон зикр кард. Дар пайравии «Гулшани роз»-и Маьмуди Шабистарц Иыбол «Гулшани рози жадид»-ро таълиф намуд. Дар ин бора худи Аллома Муьаммад Иыбол чунин мег=яд:
Ба тарзи дигар аз маысуд гуфтам,

Жавоби номаи Маьмуд гуфтам.

Ва сабабашро чунин шарь додаст:

Зи ахди Шайх то ин р=згоре,
Назад марде ба жони мо шароре…

Нигоьам иныилоби дигаре дид,

Тул=и офтобе дигаре дид.

Кушудам аз рухи маъни ниыобе,

Ба дасти зарра додам офтобе.
Инчунин ишораьое нисбати бузургони мазкур дар шеърьои Муьаммад Иыбол вучуд дорад, ки далели эьтироми =ст. Масалан дар бораи Мавлоно Жалолуддини Румц чунин гуфтааст:

Гиреь аз кори ин нокора во кард,

Щубори раьгузарро кимиё кард.

Найи он найнавози покбозе,

Маро бо ишыу мастц ошно кард.

Ё дигар дубайтиаш гуфтааст:

Гаье шеъри Ироыиро бихонам,

Гаье Жоми занад оташ ба жонам.

Надонам гарчи оьанги арабро,

Шарики нащмахои сорбонам.

Ьамингуна Иыбол аз мавыеи мутафиккирон ва файласуфони бузурги точику форс ва таъсири онон дар жаьонбинии худ ба некц ёд мекунад. Бо ин вужуд бояд зикр кард, ки Иыбол мутаалиыи асри ХХ аст ва нигоьу андешааш аз чаьорч=баву маьдудаьо ба берун т=л мекашад. Вокеан = жаьонц меандашад.

Таъсир ва нуфузи мутафаккиру файласуфони Щарбро низ наметавон нодида гирифт. Зеро дар ташаккули жаьонбинии фалсафии Муьаммад Иыбол наыши файласуфоне чун Нитше, Канте, Гегел ва дигарон назаррас аст. Дар робита ба ин нукта доктор Алии Шариатц дар маыолаи «Мо ва Иыбол» (мажаллаи «Ошно», соли дуввум, шумораи ьафтум, мехробони 1371 сах.15-19) навишта, ки «Иыбол ьамаи манзильои фалсафц ва рухии ин асрро бо биниш ва жихатёбии имон ва ирфони исломии хеш паймудааст ва метавон гуфт, ки вай як муьожири мусалмон аст, ки аз аъмоыи уыёнуси пурасрори Ьинд сар зад ва то баландтарин ыуллаьои к=ьистони пуриытидори Аврупо боло рафт»

Манзильои фалсафц ва р=ьии ин аср, ки Иыбол паймудааст шиносоии = бо фалсафаи Щарб аст. Муьожиратьои зиёди = чун як мусалмон дар Щарб =ро то баландтарин ыуллахо боло бурд. Ин далели он аст, ки Иыбол тавонистааст мавыее миёни донишмандони жаьонц пайдо кунад. Агар = ба Аврупо сафар намекард, шояд чун имр=за шинохта намешуд. Шояд яке аз сабабьои асосии маъруфият пайдо кардани Иыбол ьамин муьожират ба Аврупо бошад. Вале Иыбол ба Аврупо бо мащзи тиьц нарафтааст. + пеш аз ьама ба ирфони исломии хеш такя намуд. Гирифтани донишьои имр=за ва то андозае муосир барои у равзанаьое аз дунёи дигарро боз намуд. Яъне Иыбол тавонист нишон диьад, ки шахс пеш аз ьама шахси мутаалиыи нуктае бо номи Шары хьеж гоь мухолифи пешрафтьои азими илмиву техникц нест. Воыеан исбот намудани ин нукта, ки мо –шарыиён низ метавонем чизе р=и пешрафтьои техникии башар зам намоем, корест бузург. Ба андешаи мо Иыбол тавонист кореро дар ин самт ба анжом бирасонад. Маьз андешаи воло ва нигоьи фарох метавонад биандешад ва бубинад, ки башарият чц ьолеро аз сар мегузаронад. Иыбол ин ьолатро нек дарк кардааст. Доктор Шариатц низ бар ин назар аст, ки Иыбол «як орифи бузург бо як р=ьи зулол форищ аз модда аст» ва дар айни ьол «мардест, ки ба илм ва ба пешрафти техникц ва ба ташаккули башарц дар замони мо ба дидаи эьтирому азамат нигоь мекунад».

Бо истифодаи суннату анъаньои волои шеъри форсц, ки бо номьои дурахшони Мавлоно Жалолиддини Румц, Ьофизи Шерозц, Саъдии Шерозц Абдураьмони Жомц, Умари Хайём оламшумул аст, тавонист дар байни адибони муосир жилвагар гардад. Баробари ин дар назди Иыбол р=ьи бузурги адабиёти мащрибзамин бо мазомини ашъори Данте, Жон Милтон ва Йоьан Волфганг Гёте жилвагар аст. Бо ин ьама синтези Щарбу Шары Иыбол худ як шоири миллц ва нотакрор аст. + забоньои урду, форсц ва ангилисиро чун забони модарц медонист ва аз ин жост, ки Щарбро аз асрори ниьонии Шары огоь сохт ва Шарыро аз хазинаи Щарб хабардор кард. Намунаи хуб ва назарраси ин жанбаи эжодии Иыбол ьамон мажм=аи нахустини ашъори =ст, ки ба забони форсц бо номи "Паёми Машриы" нашр шуда ва зери унвони китоб чунин сарлавьае ильоы гардида буд:"Дар жавоби Девони Гёте шоири олмони". Муьаммад Иыбол ба ин восита ба шеъри худ на таньо ба кишварьои мусалмону мардумони ьамкешони худ, балки ба тамоми аывоми жахон, ба тамоми аьли башар мурожиат намудааст.

Сипас роьи сафарро пеш гирифта ба Инглистон рафту соли 1905 ба Донишгоьи Кембриж дохил шуд. Дар ьамин жо соли 1907 барои дарёфти унвони бакалаври инсонц рисолаи худро дифоъ кард. Пас аз гирифтани унвони бакалавр Иыбол ба олмон меравад ва дар охири соли 1907 Донишгохи Мюнхен ба Иыбол барои китобаш "Сайри фалсафа дар Эрон" унвони дуктури фалсафаро таыдим медорад. Дар моьи ноябри соли 1905 Иыбол ба узвияти жамъияти машьури ьуыуышиносони "Линколн Ин" ыабул мешавад ва дар моьи июли соли 1908 унвон ва даражаи ьуыуышиноси мустаыилро мегирад. Сипас у ба Ьиндустон бозмегардад ва дар Лоьур бо фаъолияти ьуыукшиносц машщул мешавад. Иыбол дар ьамаи ин сольо аз назму фалсафа дур нашуд. Аммо дар чанд сольои баъдц иштиёы ва машщулии у бо сиёсат зиёдтар гашт. Дар моьи декабри соли 1930 Иыбол дар дар Оллоьобод нутые эрод намуд ва дар ин нуты бори аввал фикри дар Шибьыораи Ьинд ташкил додани давлати мустаыили мусулмононро ба миён гузошт. Ва дар воыеъ баъди ьабдаь соли эроди ин нуты дар харитаи сиёсии жаьон давлати нав-Жумьурии Исломии Покистон пайдо шуд.

Дар сольои 1931-1932 Иыбол дар Конфронси мизи мудаввари Лондон ьамчун намояндаи Ьиндустон иштирок намуд. Дар зимни ин вазифа Иыбол бисёр сафар кард, аз чандин кишварьои Аврупо ва Шарыи Миёна дидан намуд.

+ дар манзили худ дар шахри Лоьур як зиндагии риёзаткашонае ба сар мебурд. Ба назди = мардуми гуногунмазьаб, гуногунзабон бо зарурату ниёзьои хеш меомаданд ва у ьамаи ин одамонро ыабул мекард ва бо меьру сидыу сафо с=ьбат мекард. Яке аз мусаннифони аьволу осори Муьаммад Иыбол Иброьим Халил дар бораи р=зьои охирини шоир сухан ронда гуфта буд: «Агарчи заъфии ыавии ыалб ьам дошт, аз мутолиа ва тасвиди ашъор худдорц намекард ва ба музокираю табодилаи афкор ьозир буд. Жавоьирлол Неьру ба мулоыоти = омад, Иыбол бо вай с=ьбати т=лонц намуд ва Неьру аз ин мулоыот хеле мутаасир буд».

Шоири ватанпарвар ва муборизи роьи озодц, ьакими фарзонаву донишманд ва инсони комил Муьаммад Иыбол 21-апрели соли 1938 дар шаьри Лоьур зиндагиро падруд гуфт. Ним соат ыабл аз забони = мисраьои зерин садо доданд:

Суруди рафта боз ояд, ки н-ояд?

Насиме аз Ьижоз ояд, ки н-ояд?

Сар омад р=згори ин фаыире,

Дигар донои роз ояд, ки н-ояд?

Ьоло оромгоьи ин Алломаи Машриызамин дар шаьри Лоьур воыеъ аст ва дар санги мазораш чунин мисраьои жонгудоз ьаккокц шудаанд:

На афщонему на турку таторем,

Чаманзодаему аз як шохсорем.

Тамизи рангу б= бар мо ьаром аст,

Ки мо парвардаи як навбаьорем.

Издиьоми мардум, ки ба шумораи ьафтод ьазор нафар мерасид, ин шоири бузургро ба роьи охират гусел карданд. Фавти Иыбол барои халыу ватанаш талафоти азиме буд, ки дар эътирофи он Робиндронат Такур нависандаи бугурги Ьиндустон, дар вафоти Иыбол гуфта буд: "Дуктур Иыбол бо марги хеш дар адабиёти мо жоеро холц гузошт, ки жарохати он муддати дарозе шифо нахохад ёфт".

Ыисми зиёди дубайтиьои Муьаммад Иыбол дар мажм=аи «Армущони Ьижоз» гирдоварц шудааст. Дар ин мажм=а кулли дубайтиьояшро шоир ба мавз=ъьо жудо кардааст, ки аз иньо иборат аст: «Ьузури Ьаы», «Ьузури рисолат», «Ьузури миллат», «Худц», «Анальаы», «С=фц ва мулло», «Румц», «Паёми Форуы», «Шуарои араб», «Эц фарзанди саьро», «Хилофат ва мулукият», «Турки Усмонц», «Духтарони миллат», «Асри ьозир», «Бараьман», «Таълим», «Талоши ризы» ва «Хотима».

Инчунин ыисми зиёди дубайтиьои Аллома дар мажм=аи «Жовиднома» жамъоварц шудааст, ки дорои чунин мавз=ъот мебошанд: «Ьузури олами инсонц» (ё Тамьид), «Дил», «Худц», «Жабру ихтиёр», «Мавт», «Биг= Иблисро», «Иблиси хокиву Иблиси норц» ва «Ба ёрони тариы».

Симои Муьаммад Иыбол дар дубайтиьояш ьамчун марде, ки дар жустуж=и Ьаы, дар набарди р=ьц, ташаккули назариявц оид ба фалсафаи ьаёт вонамуд мешавад. + дар баланд бардоштани мавыеи шахс дар жомеа саьми арзанда гузошта, жидду к=шиши = баьри бедор сохтани худшиносии миллц буд. Дубайтиьои шоир низ дар ьамин замина эжод гардидаанд. + дар яке аз дубайтиьояш, ки дар мажм=аи «Армущони Ьижоз» ва дар мавз=и «Ьузури Ьаы» овардааст, чунин мег=яд:

Жаьон аз худ бурун овардаи кист?

Жамолаш жилваи бепардаи кист?

Маро г=ц, ки аз шайтон ьазар кун,

Биг= бо ман, ки = парвардаи кист?

Шоир дар мисраьо санъати бадеии саволро истифода намудааст. Ва шоир дар ин маънц баён карда, ки ин жаьонеро, ки бо ьама бузургияш мебинед, офаридаи кист? Ьар як жисмьои табиц ва ьатто зарраьои хурдтарин ки аз жамоли бепарда гувоьц дода жилва мекунанд аз они кист? Ваыте ки маро панд медиьц, ки аз иблис дурц ж=й, маро хабар деь ки иблис офаридаи кист? Яъне ьикмати ин дубайтц дар он аст ки тамоми чиз хоь ыувваи бадиву хоь ыувваи некц таньо як офаридгор дорад.

Дубайтии зерин аввалин дубайтие мебошад, ки дар мавз=и «Ьузури миллат» суруда шудааст:

Ба манзил к=ш монанди маьи нав,

Дар ин нилц фазо ьар дам фузун шав.

Маыоми хеш агар хоьц дар ин дайр,

Ба Ьаы дил банду роьи Мустафо рав.

Яъне шоир дар ин мисраьо мег=яд то метавонц р= ба бузургц ор чуноне ки маьи нав дар аввал чи гуна асту то ба охир ба кадом даража мерасад. Дар ин осмони шаффоф ьар чи ыадар метавонц муьити фазоро афзун кун. Агар ту хоьц, ки соьиби ыадру манзалат, маыому мартаба, иззату икром шавц барои ту таньо як чи мусоидат мекунад, ки ин ьам бошад: «Ба Ьаы дил банду роьи Мустафо рав.»

Шоир дар дигар дубайтц, ки дар мавз=и «Ьузури миллат» вужуд дорад аз замони зиндагии хеш шикоят карда мег=яд:

Жаьоне тиратар бо офтобе,

Савоби = саросар носавобе,

Надонам то кужо вайронаеро,

Диьц аз хуни одам рангу обе.

Аллома Иыбол дар ин мисраьои жонгудоз ин матлабро ифода карда, ки ин жаьон бо ьамон офтобе, ки саросари оламро гармиву нуру равшанц бахшидааст тираву торик аст. Албатта ин тирагиву торикц аз маърифату маънавиёт, одобу ахлоыи ьамида мебошад ва дар давом мег=яд, ки тамоми кори неку савоби замона носавоб аст, зеро ки аз риёву худнамоц орц нест. Шоир дар ьайрат аст, ки ин жаьони вайрона то кужо идома меёбаду ин хунрезиву зулму золимц аз бацн бардошта мешавад. Ба ин маънц дар дар дигар дубайтц аз вазъияти мардуми давр мег=яд:

Диле дар сина дорам бе суруре,

На сузе дар кафи хокам, на нуре.

Бигир аз ман, ки бар ман бори д=ш аст,

Савоби ин намози бе ьузуре.

Яъне, шоир дар ин мисраьро мег=яд диле дорам, ки дар он шодиву сурур, с=зу соз, равшаниву нур пойбаржо нест. Савоби ьамон намозе, ки бе ьузури дил адо мешавад аз ман бигир, зеро ки = барои ман бори вазнин аст.

Инчунин дар дубайтиьои Аллома Муьаммад Иыбол сухан ьамеша аз олами Ислому ваьдати вужуд, фалсафаи зиндагиву ьикмати инсону олам, тараннуми хислатьои ьамидаву маькуми рафтору кирдорьои ношоиста меравад. Шоир дар як жо чунин мег=яд:

Нахоьам ин жаьону он жаьонро,

Маро ин бас, ки донам рамзи жонро.

Сужуде деь, ки аз сузу сурураш,

Ба важд орам замину осмонро.

Дар ин абёт шоир аз зиндагии хеш сухан кушода мег=яд, ки ман хостори ин дунёву он дунё нестам, илло рамзи жон ки чаро моро Худо халы кард? барои чц ва барои кц мо зиндагц мекунем?. Дар робита ба ин мавз=ъ иыболшинос ва донишманди маъруфи Эрон доктор Алии Шариатц низ ки иыболгуна меандешад, мег=яд: «ман як «инсон» ьастам ва дар ин табиат ва дар ин жахони бузург бояд бидонам, ки бо номи як «мавчуди инсонц» чц кора ьастам? Чи тур бояд зиндагц кунам? Ва сарнавишту саргузашти ман чц буда ва сиришти ман чист?»

Аслан «ман», ки доктор Алии Шариатц пешоруи он суол мегузорад алоыае бо «худц»-и Иыбол дорад. Расидан ба худ ва кашфи худ чун махлуыи олидаража ва донистани вазоифи худ дар ин олам ва чигуна зиндагц кардан ва аз сарнавишту саргузашту сиришти худ огоь будан ьадафи аслист. Алии Шариатц низ нукоти ижтимоии марбут ба инсонро аз диди Иыбол таьлил мекунад. Ьар ду низ (ьам Иыбол ва ьам Шариатц) расидани инсонро ба «худц» дар жои аввал мегузоранд. Суольои болоии марбут ба Шариатц таъкид месозад, ки инсон бояд пеш аз ьама «инсон» будани худро дарк намояд. Зеро ьамин махлуы (инсон) баргузидаи офаридгор аст. Дар давоми дубайтц Иыбол чунин мег=яд:

Сужуде деь, ки аз сузу сурураш,

Ба важд орам замину осмонро.

Сипас аз даргоьи Офаридгори пок хоьони он аст, ки Худованд барояш саждаерро насиб фармояд, ки аз сузу сурураш замину осмонро дар ьайрат гузорад.

Муьаамад Икбол барои донистани рамзи чон ва асрори инсон аз бахри ду чахон мегузарад. Ин нихояти эхтиром ба асли худ аст. Ва аммо вакте сухан аз сарнавишт аст, Икбол ба шиддат сухан мегуяд. У сарнавишти тахмилиро намепазирад:

Нагиряд мард аз ранчу гаму дард,
Зи даврон кам нишинад бар дилаш гард.

Ё ин ки :

Ду гетиро ба худ бояд кашидан,

Набояд аз хузури худ рамидан.

Ба нури душ бин имрузи худро,

Зи душ имрузро натвон рабудан.

Натижа ин аст ки ду оламро бояд дар худ кашф кард. Нокомиьои худро ба души таыдир андохтан кори марди оыил нест. Балки гирифтани сабаы аз кори дир=з барои имр=з судовар аст. Доктор Алии Шариатц низ перомуни ин мавз=ъ чунин матлабро навиштааст:

«Тасаввуф мегуяд:

«Замона бо ту насозад ту бо замона бисоз!»

Аммо Икболи с=фц мегуяд:

«Замона бо ту насозад ту бо замона ситез!»

Замона, яъне сарнавишт ва саргузашти инсон, зиндагии инсон аст. Худи инсон «мавж» аст, як «соьили афтода» нест ва вужудаш, буданаш дар ьаракат кардан аст. Инсон дар ирфони Иыбол, ки на тасаввуфи ьиндист ва фонатизми мазьабц, балки «ирфони Ыуръонц»-ст, замонро бояд иваз кунад.»

Воыеан чи зебо гуфта шудааст. Инсон мавжуди малакутист ва ьатто аз ыудсиён болост. Фаыат бояд ба «худ» расид. Барои ба худ расидан «соьил» будан кифоя нест, бояд «мавч» буд:

Ба баьри хеш чун мавже тапидам,

Тапидам, то ба т=фоне расидам.

Вале чаро матлаби поёнц дигаргуна аст? Инсон махлуыест соьиби аыл, шуур, гуфтор, ахлоы, одоб, панж узви ьис ва ниьоят тамоми узвьои зарурц. Инсон махлуыи аз ьама зеботарини даргоьи пок мебошад, вале он рондаи даргоьи илоьиро чаро шоир аз инсоне, ки соьиби ин ыадар бузургц аст хуштар донист? Ин ьикматест, ки дубацтии зер ба ин суол жавоб мег=яд:

Дили мо аз канори мо рамида,

Ба сурат мондаву маънц надида.

Зи мо он рондаи даргоь хуштар,

Ьаы =ро дидаву моро шунида.

Маьз зоьирпарастии замони хеш буд, ки шоир дильои аз замири инсоньо рамидаро маькум намуда он рондаи даргоьи илоьиро хуштар донист.

«Хилофат ва мулукият» яке аз мавз=ьои мажм=аи «Армущони Ьижоз» мебошад, ки дар он шоир доир бораи ьукмронц, подшоьигарц, инсонигарц, вазъияти муслимин дар аьди зуьури Ислом ва имр=з сухан кардааст. + дар яке аз дубайтиьояш мег=яд:

Араб худро ба нури Мустафо с=хт,

Чарощи мурдаи Машриы барафр=хт.

Валекин он хилофат роь гум кард,

Ки аввал м=ъминонро шоьц ом=хт.

Шоир дар ин бубайтц дар бобати даврони зиндагии расули Акрам (с) ва хулафои Рошиддин сухан карда мег=яд, ки дар ваыти пеш аз зуьури Ислом дар арабьо даврони жоьилият ьукмфармо буд ва ин хилофати исломц омаду он ьама жоьилиро аз байн бардошт. Мурод аз «чарощи мурдаи Машриы» низ ьамин даврони жоьилият аст. Дар давом мег=яд:

Валекин он хилофат роь гум кард,

Ки аввал м=ъминонро шоьц ом=хт.

Вале он хилофати бузург, ки дорои тамаддуни олц буд имр=з роьи худро фаром=ш намудааст, ки дар аввал м=ъминонро шоьц ом=хта буд.

Мавз=и дигари мажм=а ин «Духтарони миллат» мебошад, ки шоир дар бораи чигунагии духтари мусалмон лаб ба сухун мекушояд. Шоир дар ин бобат мег=яд:

Биьил, эй духтарак, ин дилбариьо,

Мусулмонро назебад кофариьо.

Манеь дил бар жамоли щозапарвард,

Биём=з аз нигаь щоратгариьо.

Яъне шоир ба мусулмондухтарьо хитоб карда мег=яд, ки барои мардуми муслим расму анъанаьои жомеаи щайриисломц чизи нолозим аст ва борои оньо расму суннатьои бегона нозебанда аст.

«Бараьман» низ яке аз мавз=ьои марказии мажм=аи «Армущони Ьижоз» ба шумор рафта дар бораи бутпарастони Ьиндустон сухан меравад. шоир дар ин бобат мег=яд:

Дари сад фитнаро бар худ кушодц,

Ду гоме рафтиву аз по фитодц.

Бараьман аз бутон тоыи худ орост,

Ту Ыуръонро сари тоые ниьодц

Шоир ба с=и мо нигариста мег=яд, ки шумо худ бар р=и худ дари фитнаро боз намудед. Аз барои таылид шуда ду ыадам ба пеш рафтеду ногаьон аз по фитодед. Дар давом мег=яд:

Бараьман аз бутон тоыи худ орост,

Ту Ыуръонро сари тоые ниьодц.

Бараьман, ки пешво ва муршиди будпарастон буд аз сангу ч=б худои худро сохту аз пагоь то бегоь дар ибодати =ст, вале шумо Худои ьаыиыии худро доред, ки бо воситаи ьазрати Муьаммад (с) китоби осмонии худро бо номи «Ыуръон» фиристод ва он китобро шумо дар сари ток на барои хониш балки барои зебогц гузоштаед.

Ин жо мехоьам бо як дубайтии Аллома Муьаммад Иыбол, ки дар ыисми «Хотима»-и мажм=аи «Армущони Ьижоз» омадааст, ба суханони хеш ьусни иктифо бахшам:

На аз соыц, на аз паймона гуфтам,

Ьадиси ишы бебокона гуфтам.

Шунидам он чи аз покони уммат,

Туро бо ш=хии риндона гуфтам.

Хулоса

Хулоса, Аллома Муьаммад Иыбол яке аз чеьраьои бузурги исломц, сиёсц, фалсафц, ьуыуыц ва адабии асри хх ба шумор меравад, ки барои исботи ин суханьо ашъори назмиву кутуби насрии Иыбол кифоя аст.+ тавонистааст дар як муддати к=тоь «иксир»-ро (ба ыавли худи шоир) дар байни ьамватанонаш ба вужуд орад, ки он боиси баланд рафтани худшиносии миллц гардид.

Ьарчанд ки Иыболро имр=зьо толибилмон дар макотибу мадориси динц ьамчун воиз, дар донишкадаву донишгоььои сиёсц чун сиёсатшинос, дар риштаьои улуми фалсафц ьамчун файласуф, дар муассисаву таълимгоььои ьуыуыц чун ьуыуышинос мешиносанду меом=занд, лекин барои мо донишж=ёни улуми филологц = ьамчун адиби номвар шинохта шудааст. Симои = дар ашъораш бахусус дар дубайтиьо ьамчун марди заминц орц аз ьама хислатьои шари инсонц, марде, ки ьамеша дар хизмати ватану мардуми мусулмонбуда, на ба манфиати хеш фаъолият намуда, шахсе ки як умр дар талоши поксозии тафаккури мусалмонон роьпаймуда, фарде чун дар талоши баробаркунии ьуыуыи сарватманду фаыир шинохта шудааст. Хизматьои кардаи Муьаммад Иыбол на ба манфиати халыьои Ьинду Покистон балки барои кулли Машриызамин самараи нек дода истодааст, минжумла як хизмати бузурги Иыбол барои тамоми мардуми форсзабон ин нигоь доштани забони форсц дар манотиыи Ьинду Покистон ва то ба олами Фаранг бурдану муаррифии он ба жаьониён мебошад.

Манобеъ:

1.  «Куллиёти форсц»-и Аллома Муьаммад Иыбол (Чопи

Тожикистон аз р=и «Куллиёти форсии Иыбол», ки соли

1990 дар Лоьур чоп шудааст,) Таьиякунандагони матн

Шарафнисо П=лодова, Алии Муьаммадц, Чобулкои

Додалишоь, Азим Байзоев, Музаффари Муьаммадц.

Асьофи 510-568

2.  Мажаллаи «Ошно» (Шумораи ьафтум, Меьр обони 1371)

маыолаи доктор Алии Шариатц бо номи «Мо ва Иыбол».

Мажаллаи номбурда, маыолаи «Иыбол дар миёни мо»

аз Оятуллоьи Ьоманац. Саьифаьои 12-15

3 «Пайщоми Шары» (Соли 1987. Сарсухан ва тавзеьоти

Абдулложон Щаффоров)