8. Открытое Акционерное Общество "Душанбинская ТЭЦ".
9. Открытое Акционерное Общество "Шабакахои баркии чануби".
10. Открытое Акционерное Общество "Яванская ТЭЦ - электросети".
11. Открытое Акционерное Общество "Ремонтно-механический завод"
12. Открытое Акционерное Общество "Дангаринские электрические сети" (в редакции Постановления Правительства РТ от 2.11.2007г.№ 000)
13. Открытое акционерное общество "Яванские электрические сети"(в редакции Постановления Правительства РТ от 1.08.2007г. № 000)
II. ГОСУДАРСТВЕННЫЕ ПРЕДПРИЯТИЯ, ОРГАНИЗАЦИИ И УЧРЕЖДЕНИЯ
1. Дочернее Предприятие материально-технического обеспечения "Таджикэнергоснаб".
2. исключен(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.05.2006г.№ 000)
3. исключен(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.05.2006г.№ 000)
4. исключен(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.05.2006г.№ 000)
5. Дирекция строящейся Рогунской ГЭС.
Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.10.2008с. № 000
аз эътибор соқит дониста шуд
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоїикистон аз 3 ноябри
соли 2001 № 000 тасдиқ шудааст
ОИННОМАИ
Ширкати саҳомии холдингии
кушодаи "Барқи Тоҷик"
Ширкати давлатии саҳомии холдингии "Барқи Тоҷик" бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 1992 № 000 бо мақсади таъмини соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо қувваи барқ ва гармӣ таъсис дода шудааст.
Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" вориси ҳуқуқии Ширкати давлатии саҳомии холдингии "Барқи Тоҷик" мебошад.
I. Муқаррароти умумӣ
1.1. Номи пурраи расмӣ: бо забони тоҷикӣ "Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"", бо забони русӣ - "Открытая акционерная холдинговая компания "Барқи Тоҷик"".
Номи мухтасар: ШСХК "Барқи Тоҷик".
1.2. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоқик" дорандаи пакети аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он дода шудаи саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие мебошад, ки дар соҳаи нерӯи барқ фаъолият доранд, ҳамчунин ҳуқуқи соҳибӣ намудан, истифода бурдан ва идора кардани амволи корхонаҳо ва муассисаҳоеро ба амал мебарорад, ки мутобиқи моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он дода шудааст.
1.3. Суроғаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" 734026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 64.
1.4. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"дорои филиалҳои зерин мебошад:
Филиалҳои Норак - НБО Норак, 735000, ш. Норак
Филиали Бойғозӣ - НБО Бойғозӣ, 735300 ш. Норак кӯчаи Ленин, 10.
Филиали Варзоб - силсилаи НБО Варзоб, 734017, ш. Душанбе, кӯчаи Карамов70/1.
Филиали Вахш - силсилаи НБО Вахш, 734147, ш. Сарбанд
Филиали Душанбе - Шабакаҳои марказии барқӣ, 734045 ш. Душанбе, кӯчаи Калинин 1/3.
Филиали Қайроқум - Шабакаҳои барқии Суғд, 735750, ш.Қайроқум, кӯчаи Ленин 113.
Филиали Хуҷанд - Шабакаҳои барқии Хуҷанд, 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи Ленин 36.
Филиали Рашт - Шабакаҳои барқии Рашт, 735450 ноҳияи Рашт, кӯчаи Промышленная 19.
Филиали Кӯҳистони Бадахшон - Шабакаҳои барқии Кӯҳистони Бадахшон,736100 ш. Хоруғ, кӯчаи Райсовет, 75.
Филиали Кӯрғонтеппа - Шабакаҳои барқии ш. Кӯрғонтеппа, 735140, ш.Қӯрғонтеппа, кӯчаи Ҷомӣ 24.
1.5. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи ,Барқи Тоҷик, дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва ҳамин оинномаро ба роҳбарӣ мегирад.
II. Мақоми ҳукуқии Ширкати саҳомию холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"
2.1. Муассиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2.2. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" шахси ҳуқуқӣ ба шумор меравад ва ҳуқуқи дахлдорро аз лаҳзаи тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштанаш соҳиб мешавад.
2.3. Фаъолияти молиявӣ ва истеҳсолии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар асоси мустақилияти хоҷагидорӣ ба роҳ монда мешавад.
2.4. Мӯҳлати фаъолияти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" маҳдуд нест, ба истиснои ҳолатҳое, ки банди 9.1 ҳамин Оиннома пешбинӣ менамояд.
2.5. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ҳуқуқи шахрвандии ба мақсади фаъолияти дар оиннома пешбинишуда дахлдорро дорад ва барои ин фаъолият масъул аст.
2.6. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ филиалҳо, намояндагиҳо ва ҷамънятҳои хоҷагидорӣ таъсис менамояд.
2.7. Филиалҳо ва намояндагиҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд ва дар асоси Низомномаи тасдиқнамудаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", мувофиқи муқаррароти муайяннамудаи ҳамин Оиннома амал мекунад.
2.8. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" баланси мустақил, суратҳисобҳои бонкӣ (аз ҷумла асъорӣ), мӯҳри нишондор, штамп, варақаи фирмавӣ ва нишонаи фирмавии худро дорад.
Ш. Мақсад ва самтҳои фаъолияти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"
3.1. Маѕсади асосии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" таъмини соҳаҳои истеҳсолотӣ моддӣ ва заруратҳои комунналию маишии аҳолӣ бо нерӯи барқ,гармӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва сатҳи технологии истеҳсолот мебошад.
3.2. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" фаъолияти худро дар саноат, тиҷорат, молия, фаъолияти иқтисоди берунӣ ва ғайраҳо, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, ба амал мебарорад.
3.3. Барои ба мақсади худ ноил шудан Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" истеҳсол, интиқол, таҳвил, тақсимот, аз нав табдилдиҳӣ ва фуруши нерӯи барқ ва гармиро ба амал мебарорад.
Ба мақомоти марбутаи давлатӣ дар бобати коркард ва такмили самтҳои зерин пешниҳодҳо менамоянд:
оид ба қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳо барои таъминоти бехатарии истеҳсолот, интиқол, таҳвил, тақсимот ва фурӯши нерӯи барқ ва гармӣ,захираҳо ва маҳсулоти энергетик;
оид ба сиёсати нарх, тариф, инвеститсионӣ, иҷтимоӣ ва илмию техникӣ дар энергетика;
оид ба тартиби додани литсензия барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи энергетика;
дар асоси ҷорӣ кардани технологияи пешқадам барои афзудани самаранокии фаъолияти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи, Барқи Тоҷик, чораҳо меандешад.
ҷараёни динамикаи эқтиёҳот ва дархост ба нерӯи барқ ва гармиро меомӯзад.
IV. Амвол ва маблағи оинномавии Ширкати саҳомии
холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"
4.1. Амволи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"аз амволи қаблан дар баланси Ширкати давлатии саҳомии холдингии "Барқи Тоҷик" буда ташкил меёбад
|
Из за большого объема этот материал размещен на нескольких страницах:
1 2 3 4 5 |


