4.2. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" соҳиби амволу маҳсулот, даромад ва моликияти зерин мебошад:
амволи ба ӯ аз ҷониби муассис додашуда, ба истиснои амволи ашхоси ҳуқуқӣ, ки дар замимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Масъалаҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" нишон дода шудаанд";
маҳсулоте, ки Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ истеҳсол кардааст;
даромад, инчунин дигар моликияте, ки бо дигар асосҳои ба қонунгузорӣ мутобиқ ба даст омадаанд;
4.3. Маблағи оинномавии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" 318.235.460 (сесаду ҳаждаҳ миллиону дусаду сиву панҷ ҳазору чорсаду шаст) сомониро ташкил медиҳад.
4.4. Қарор дар бораи зиёд ё кам кардани маблағи оинномавӣ аз ҷониби Мақомоти олии идора мутобиқи қонунгузории амалкунанда қабул мегардад.
4.5.Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" захираи барои фаъолияти худ заруриро дар ҳаҷми на бештар аз 15 фоизи маблағи оинномавӣ созмон медиҳад.
Гузарондани маблағ ба фонди захиравӣ аз ҷониби Мақомоти олии идора муайян карда мешавад. Ташкили фонди захиравӣ бо роҳи ҳар сол 5 фоизи даромади софро ба он гузаронидан то таъмини ҳаҷми муайяншуда суратмегирад.
V. Коғазҳои қимматноки Ширкати саҳомии
холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"
5.1. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" метавонад саҳмия ва вомбарг барорад.
5.2. Тартиби баровардан, ба қайд гирифтан, ҷо ба ҷо намудан ва ҳисобу китоби қоғазҳои қимматноки Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома муайян карда мешавад.
5.3. Барориши аввали саҳмияҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" танҳо саҳмияҳои номӣ, оддӣ (оддӣ бо ҳуқуқи овоздиҳӣ) ба маблағи 318.823.460 (сесаду ҳаждаҳ миллиону ҳаштсаду бисту се ҳазору чорсаду шаст) сомонӣ, бо арзиши номиналии 10 (даҳ) сомонӣ иборат буда, 31.823.546 (сиву як миллиону ҳашсаду бистусе ҳазору панҷсаду чилу шаш)
донаро ташкил мекунад.
5.4. Бароришҳои минбаъдаи саҳмияҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" метавонанд ҳам аз саҳмияҳои оддӣ (бо ҳуқуқи овоздиҳӣ) ва ҳам саҳмияҳои имтиёзнок (бе ҳуқуқи овоздиҳӣ)иборат бошанд. Саҳмияҳои имтиёзнок дар ҳаҷми на бештар аз 10 фоизи маблағи оинномавӣ бароварда мешаванд.
5.5. Саҳмияҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути савдои озод ҷойгир кунонида мешаванд.
5.6. Тартиби пардохти дивидендҳо ҳангоми барориши коғазҳои қимматнок муайян шуда ва дар пушти он сабт мегардад.
5.7. Саҳмияҳои имтиёзноке, ки Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" мебарорад,ҳуқуқи гирифтани он миқдори дивидентро медиҳад, ки Мақомоти олии идора бо қарори худ муайян намудааст.
Дивидент ба дорандагони саҳмияҳои имтиёзнок ҳар сол дар мӯҳлати муайяннамудаи Мақомоти олии идора дода мешавад.
5.8. Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" то он даме, ки фоидаро аз рӯи саҳмияҳои имтиёзнок ҳисобӣ накунад, ҳуқуқ надорад фоидаи саҳмияҳои оддиро ҳисобӣ кунад. Ба дивиденд ҳамон саҳмияе ҳуқуқ дорад, ки на дертар аз як моҳ то ҳисобӣ кардани фоида харида шудааст.
5.9. Ҳар як саҳмияи оддӣ ба соҳибаш дар маҷлиси саҳмиядорон ҳуқуқи як овозро медиҳад.
5.10. Дар ҳолати барҳам хурдани Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" амволи баъд аз иҷрои талаботи кредиторон боқимонда, барои пардохтҳо ба тартиби зерин истифода мешавад:
ҳаққи дивиденти вуҷуддоштаи, пардохтнашудаи саҳмияҳои имтиёзнок дода мешавад;
ба соҳибони саҳмияҳои имтиёзнок ҳаққи маблағи номиналии саҳмияҳои ба онҳо тааллуқдошта дода мешавад;
амволи боқимонда дар байни дорандагони саҳмияҳои оддӣ мувофиқи таносуби саҳмияҳояшон дар миқдори умумии саҳмияҳо тақсим мегардад.
VI. Мақомоти идора
6.1. Мақомоти идораи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дар маҷлиси аввалини саҳмиядорон ташкил мешавад.
6.2. Мақомоти олии идораи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" Маҷлиси умуми саҳмиядорон ба шумор меравад. То лаҳзаи ба савдо рафтани саҳмияҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" салоҳияти иҷрои Мақомоти олии идора ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Салоҳиятҳои истисноии Мақомоти олии идора иборатанд
аз:
муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", тасдиѕи ҳисоботи солонаи ҳисобот ва баланси муҳосибавӣ;
тағйир додани Оинномаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", аз ҷумла тағйири ҳаҷми маблағи оинномавӣ;
интихоби аъзои Комиссияи тафтишотӣ (ревизорон)-и Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва пеш аз мӯҳлат қатъ кардани фаъолияти онҳо ;
тасдиқи ҳисобот ва хулосаҳои Комиссияи тафтишотӣ;
ҳалли масъалаҳо оид ба аз тарафи Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" харидани саҳмияҳои баровардаи худаш;
қабули қарор дар бораи тачдиди сохтор ва барҳамдиҳии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик",таъини комиссияи барҳамдиҳӣ ва тасдиқи баланси барҳамдиҳӣ;
интихоби Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва пеш аз мӯҳлат қатъ кардани фаъолияти он;
амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин оиннома пешбинӣ шудаанд.
6.3. Мақомоти иҷроияи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба ҳисоб меравад.
6.4. Ба ваколатҳои Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дохил мешавад:
дар амал татбик намудани сиёсати ягонаи техникӣ ва иқтисодии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик";
баррасии ҳисоботи солона ва аз рӯй ҳамин масъала таҳияи пешниҳодҳо;
таҳияи пешниҳодот оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрии нерӯи барқ ва гармӣ;
пешниҳоди дархост оид ба гузаронидани аудит;
таъмини иҷрои карорҳои Мақомоти олии идора ва талабҳои ҳамин Оиннома;
аз номи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"амал мекунад, манфиатҳои онро дар Ҷумҳурии Тоқикистон ва берун аз он муаррифӣ мекунад;
мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз номи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" аҳдҳо ба имзо мерасонад;
дар муассисаҳои бонкӣ суратҳисоб ва дигар ҳисобномаҳо мекушояд;
роҳбарони корхонаҳои давлатӣ, ташкилот ва муассисаҳои ба ҳайати Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" дохилшаванда, инчунин роҳбарони филиалҳо ва намояндагиҳо, муовинони онҳо ва сармуҳосибҳоро ба вазифа таъин ва озод мекунад;
|
Из за большого объема этот материал размещен на нескольких страницах:
1 2 3 4 5 |


