доираи ваколатҳои муовинонашро муайян месозад;

  шароити пардохти музди меҳнати шахсони мансабдори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва филиалҳои онро тасдиқ менамояд;

  оид ба  мукофотонӣ  ва  ҷазои  интизомии  коргарон  мутобиқи қонунгузорӣ чораҳо меандешад;

  тасдиқи қоидаҳои расмиёт ва тартиботи дохилии  ҳуҷҷатҳои  Ширкати саҳомии  холдингии  кушодаи  "Барқи  Тоҷик",  муайян  намудани сохтори ташкилии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик";

  амалӣ намудани дигар ваколатҳое,  ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қарорҳои  Мақоми  олии  идора  ва  ҳамин  Оиннома  муайян намудаанд,  вале  ба  салоҳияти  истиснои  Маҳоми  олии  идора  дохил намешавад.

  VII. Комиссияи тафтишотӣ

  7.1. Назорати  фаъолияти  молиявию  иѕтисодии  Ширкати  саҳомии холдингии  кушодаи "Барқи Тоҷик"-ро Комиссияи тафтишотӣ,  ки аз ҳисоби саҳмиядорон ташкил мешавад ва онро Мақоми олии идора таъин менамояд ба зимма дорад.

  7.2. Тафтишот бо супориши Мақоми олии идора,  бо  ташаббуси  худи комиссияи тафтишотӣ ё аз рӯи талаби саҳмиядороне, ки дар маҷмӯъ бештар аз 10 фоизи саҳмияҳоро доро мебошанд, сурат мегирад.

НЕ нашли? Не то? Что вы ищете?

  7.3. Аъзои Комиссияи тафтишотӣ ҳуқуқ доранд аз шахсони мансабдори Ширкати саҳомии  холдингии  кушодаи  "Барқи  Тоҷик"  пешниҳод  кардани тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро талаб намоянд.

  7.4. Комиссияи тафтишотӣ натиҷаи санҷишро ба  Мақоми  олии  идора пешниҳод мекунанд.

  7.5. Аъзои Комиссияи тафтишотӣ дар ҳолати ба миён омадани таҳдиди ҷиддӣ  ба  манфиатҳои  Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ҳуқуқ доранд даъвати Маҷлиси  ғайринавбатии саҳмиядоронро талаб кунанд.

  7.6. Ширкати  саҳомии  холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"  аз ҳисоби худ барои тафтишу тасдиқи ҳисоботи  молиявии  солона  (аудити  берунӣ) муассисаи махсусгардонидашударо киро мекунад.

  7.7. Қарори  гузаронидани  аудитро  Мақоми  олии  идора  қабул менамояд.

  VIII. Ҳисобдорӣ ва муҳосибот дар Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"

  8.1. Баҳисобгирӣ ва муҳосиботи оперативӣ,  бухгалтерӣ,  оморӣ дар Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"  мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

  8.2. Мутобиқи  маҳалли  воқеъгаштаи  Ширкати  саҳомии  холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ҳуҷҷатгузории пурра ба  роҳ  монда  мешавад,  аз ҷумла:

  ҳуҷҷатхои таъсиси  Ширкати  саҳомии  холдингии  кушодаи  "Барқи Тоҷик";

  ҳуҷҷатҳои ҳисобдории бухгалтерӣ,  ки барои гузарониданн тафтишоти худии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик",  ҳамчунин барои санҷишҳои мақомоти давлатӣ тибқи қонунгузории амалкунанда заруранд;

  феҳрасти саҳмдорон,  бо  сабти  ҳатмии  маълумот оид ба миқдор ва шакли саҳмия,  вақти харидашуда, номгуй ва ҷои истиқомати саҳмиядорон, нархи саҳмия; протоколи маҷлиси саҳмиядорон, комиссияи тафтишотӣ;

  руйхати шахсоне,  ки барои муаррифии  Ширкати  саҳомии  холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ваколатнома доранд;

  руйхати тамоми  кормандони  Ширкати  саҳомии  холдингии  кушодаи "Барқи Тоҷик".

  Ин хуҷҷатҳо дар ҳама ҳолати давоми рӯзи  корӣ  барои  шиносоӣ ба саҳмиядорон ва намояндаи ваколатдори онҳо бояд дастрас бошанд.

  8.3. Ширкати саҳомии  холдингии  кушодаи  "Барқи  Тоҷик"  бурдани ҳисобот  ва  бақайдгирии  саҳмиядоронро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин месозад.

  IX. Қатъи фаъолияти (барҳамдиҳӣ ва таҷдиди сохторӣ)

  Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"

  9.1. Фаъолияти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" бо қарори Мақоми олии идора, инчунин бо қарори суд метавонад қатъ гардад.

  9.2. Тамоми  масъалаҳои  ҳангоми  катъи фаъолияти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик"  пайдошударо Комиссияи барҳамдиҳӣ,ки аз тарафи Мақоми олии идора ё суд созмон дода мешавад. ҳал менамояд.

  9.3. Тартиб  ва  шакли  татбиқи  қатъи  фаъолиятро  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

  9.4. Тамоми талаб ва  даъво  нисбати  Ширкати  саҳомии  холдингии кушодаи  "Барқи  Тоҷик"  мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби суд баррасӣ мешавад.



Из за большого объема этот материал размещен на нескольких страницах:
1 2 3 4 5