«Дар чандин маљлисњо ва машваратњое, ки дар давоми шаш моњи љанги Бузурги Ватанї дар КМ партия ва дар зери роњбарии КМ дар љойњои дигар бо нависандагон ва коркунони санъат шуда гузашт, масъалаи дар адабиёт ва санъат зинда кардани номи гузаштагони диловари халќи тољик (мисли бинни Муќаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва ѓайра) бардошта шуд ва рафиќ Ѓафуров борњо ин мавзўњоро ба њама пешнињод кард. Баъзе рафиќон дар ин бора пйесањо навиштанї шуданд. Аммо њанўз касе ба кори амалї шурўъ накардааст, гўем, хато намешавад. Майли ман ба сифати як хонанда он буд, ки яке аз ин мавзўъњоро Шумо кор кунед, хоњ ба шакли ягон асари адабї, хоњ ба шакли очерки илмї-таърихї, ба њар њол чунин асар бояд муваффаќият пайдо кунад ва фоида бахшад.»
Устод Садриддин Айнї ин тавсияи Бобољон Ѓафуров ва маслињати шогирдашро пазируфта, дар замони љанг ба мавзўи таърихї - ќањрамонї љиддї машѓул шуд аввал як сислсила памфлету маќола навишта, фашизмро масхара кард ва сонї очеркњои таърихии «Исёни Муќаннаъ» ва «Ќањрамони халќи тољик Темурмалик»-ро навишт. Моњияти ин асарњо дар як мавзўъ љамъ меоянд: халќи тољик ба аљнабиён - хоњ юнониву хоњ араб, хоњ муѓулу хоњ манѓит сари таъзим фуруд наовардааст, ватанашро муќаддас доштааст ва ба истилогарони немис њам тобеъ намешавад. Спитаменњо, Шеракњо, Восеъњо зиндаанд, онњо намемуранд, рўњи онњо аз насл ба насл мегузарад. Мавзўи ќањрамонии халќи тољик дар он солњо мавзўи шеърњо, очеркњо ва латифаву ќиссањои Абулќосим Лоњутї, Абдусалом Дењотї, Шарифљон Њусейнзода, Самад Ѓанї, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуѓзода ва дигар адибону олимон низ будааст. Дар он солњо модари Бобољон Ѓафуров - Розия Озод њам бо як силсила шеърњояш, ки ба муќобили фашизм, барои њимояи шарафи Ватан навишта шуда буданд, садо баланд мекард.
2.Бобољон Ѓафуров аз љумлаи шахсиятњои фикрдор, фикрёб ва дурбин буд. Дар њар чизи хондаашу дидааш фикри наверо барои худ пайдо мекард ва роњи наву бењтари татбиќи онро андеша менамуд. Масалан, моњи декабри соли 1942 ў сармаќолаи рўзномаи «Правда»-ро тањти унвони «Мактуб ба фронт» хонд ва зимнан фикри муњиме ба сараш омад. «Аз номи халќ ба фронт мактубе нависем, ки љанговарони тољикро ба матонату ќањрамонињо њидоят кунем. Ба ин кори хайр мо шоирону нависандагони маъруфи худ Абулулќосим Лоњутї, Мирзо Турсунзода ва адабиётшинос Шарифљон Њусейнзодаро даъват намоем.» (У. Ѓаффоров. «Алломаи замон», Хуљанд, 1998, сањ.33).
Номаи мазкур аввал 20 марти соли 1943 дар рўзномаи «Правда» ва сипас ба номи «Мактуб ба љанговарони тољик аз халќи тољик» 28 марти соли 1943 дар рўзномаи «Тољикистони сурх» чоп шуд. Ба ин мактуб 390 њазор нафар ањолии Тољикистон имзо кардааст ва арзиши онро дорад, ки пурра иќтибос кунем. Тайёр ва тањрир шудани мактуб, љамъоварии ин ќадар имзо нишонаи кори ташкилотчигии Бобољон Ѓафуров буд. Ин аст он мактуб:
«ФАРЗАНДОН, ШАВЊАРОН, БАРОДАРОНИ АЗИЗ – ЉАНГОВАРОНИ ДИЛОВАРИ МО!
Дар ин рўзњо, ки армияи сурхи ќањрамон, фармони дар 23 феврали соли 1943 додаи рафиќ Сталинро иљро карда, ба душман зарбањои њалокатовар расонида истодаанд, халќи тољик шумо иштироккунандагони љангњои пуршарафи бањри озодї ва истиќлолияти Ватани мањбуби сотсиалистии моро аз дилу љон табрик менамояд. Вакте ки мо калимаи Ватанро дар забон меорем, дар пеши назари мо натанњо водии зархези Вахш, натанњо боѓњои себу зардолузори Ленинобод, натанњо кўњњои барфии сар ба фалак кашидаи Помир, балки низ, манзарањои рангоранг, љангалистон ва дарёњои сероби Россия, хўшањои гандуми майдонњои Украина, канорњои рўњафзои бањри Сиёњ, кўњњои афсонавии Кавказ ва гањвораи револютсия шањри азими Ленинград љилва менамояд. Дар миёни ин Ватани бузурги худ дили тамоми кишвар Москваи пурњашаматро мебинем, ки дар болои манорањои ќасри Кремли он ситорањои сурх њамчун нишони хушбахтии њамаи халќњои мамлакатњои он дурахшонанд. Дар ин љо дар яке аз биноњои ќадимаи ин ќаср Ленини кабир зиндагї ва эљодкорї мекард. Дар ин љо Сталини кабир зиндагї ва кор мекунад. Аз њамин љо ў падар ва пешвои мо ба муборизаи халќи Советї ба муќобили истилогарони фашистї роњбарї мекунад. Ба ин Ватани бепоёни зебо моро Револютсияи Кабири Октябр, партияи большевикї, пешвоёни хирадманди мо Ленин ва Сталин соњиб кардаанд. Русњо, украинњо, белорусњо, гурљињо, узбекњо, туркманњо, ќазоќњо, ќирѓизњо ва тољикњо њамаи мо фарзандони њамин Ватани бузург мебошем. Кишвари мо Тољикистони офтобрўя ќисми људонашавандаи он мебошад. Дар њар куљое, ки мубориза кунед, хоњ дар соњилњои дарёи Дон, хоњ дар сањроњои Украина, хоњ дар гирду атрофи Ленинград, шумо Сталинобод, канорњои дарёи Панљ, кўњњои Помир, водии Вахш ва Ленинободро муњофизат менамоед.
Дўстї ва бародарї, ки моро бо дигар халќњои Советї пайванд мекунад, гапњои бекора нестанд. Бовар кунед, ки мо њар ваќт хабари вањшиятњои фашистиро нисбат ба русњо, украинњо, белорусњо ва дигар халќњо мешунавем, хун дар рагњои мо мељўшад, хашм бадани моро меларзонад, њисси нафрат нисбат ба душман сар то пои моро фаро мегирад. Модарон, падарон ва хешу таборњои Шумо ба фарзандони кушташудаи халќњо чунон, ки ба фарзандони худ мегирянд, ба ќотилони онњо лаънат мефиристанд, њамати мо барои интиќом гирифтан аз душман ва ёрї додан ба фронт боз њам бештар ба њаракат меоем.
ФАРЗАНДОНИ МЕЊРУБОНИ ТОЉИКИСТОНИ ОФТОБРЎЯ!
Ваќтњои гузаштаи наздикро ба ёд биёред, ки дар зери зулми подшоњ, амир ва амалдорони он буд. Дар он давра мо ворисони маданияти њазорсола аз тамоми њуќуќи озодї ва хушбахтї мањрум карда шуда будем. Оташи лаёќат, заковат, нури истеъдод ва ќањрамонии мо дар хокистари харобањои маданияти худамон гўронда шуда буданд. Зулм ва худсарињо на шумор доштанд ва на андоза.
Дар он замон, ки гўё умеди халосї аз њељ куљо набуд, бо даъвати мо халќи бузурги рус дар зери байраќи зафаровари Ленин-Сталин ба ёрмандии мо омад. Ёрии бародаронаи ў, мадади дигар халќњои СССР сабаб шуданд, ки мо соњибони Ватани сосиалистии озод ва хушбахт шавем:
Аз њамон нури поки фикри Ленин,
Оташи размњои Сталин
Дар чунон рўзгори торикї,
Шуд дурахшон чароѓи тољикї.
Охир аз бахт комёб шудем,
Соњиби њарбаву китоб шудем.
Тољикистон чунон гул-гул шукуфт, ки онро шинохтан мумкин нест. Шањру ќишлоќњои нашъунамоёфтаи он, пойтахти сабзу хуррами боѓмонандаш-Сталинобод, роњњои шосеи аз миёни кўњњои Дарвоз ва Помир гузаранда, обњои нуќрамонанди дар Каналњои Њисор ва Фарѓона љоришаванда, водињои аз пахта барфмонанди Вахш, Њисор ва Ленинобод, ќасри зебои санъат - театри опера ва балети Сталинобод, биноњои пуршукўњи институтњо, мактабњо, табобатхонањо, муассисањои илмї, замзамаи сурудхонињои њофизон ва раќсњои раќќосу раќќосањои тољик, шеър ва достонњои шоирон, роман ва повестњои насрнависони мо ба ин гувоњї медињанд.
Ин бор душмани ашаддии њамаи инсонияти озодихоњ Гитлер бо тўдањои вањшигаштаи худ мехост оилаи бародарии халќњои СССР-ро, ки дар он мо соњиби истиќлолият ва бахту саодат гаштем, торумор намояд. Шубњае нест, ки шумо писарони халќи тољик, љанговарони шуљоатноки он дар ин лањзањо ќарзи худро дар назди Ватан фидокорона иљро хоњед кард. Охир шумо мељангед, то ки зулмати абрњои сиёњи фашистї нурњои офтоби ба сари халќњои мо тобанда - Конститутсияи советиро хомўш нагардонанд, то ки гулњои боѓу бўстонњои мо пажмурда нашаванд, то ки модар, падар, бародар, хоњар ва фарзандони шумо дубора ба ѓуломї наафтанд, то ки обњои дар каналњо љоришудаи мо дубора дар сарбанд хушк нагарданд, то ки ќасрњои маданияти мо хароб карда нашаванд.
МАРДПИСАРОНИ ХАЛЌИ ТОЉИК!
Шумо авлодони аљдоду бобоњои бузурги худ мебошед, ки онњо ба муќобили истилогарон ва ѓоратгарони аљнабї бањодурона љангидаанд. Дар замонњои ќадим дар васфи ќањрамон Коваи охангар, ки ў халќро ба муќобили шоњи истилогари аљнабї - Зањњок бархезонда буд, афсонањо бофта шудаанд.
Аз ду китфи Зањњок, ки кишвари тољиконро зери асорати худ карда буд, - наќл карда мешавад дар афсонаи халќї, - ду мор рўидааст. Хар рўз љаллодони Зањњок ду љавони наврасро кушта, аз мияи сари онњо ба морњо авќот тайёр мекарданд. Кинаю адовати халќ нисбат ба Зањњоки морон бепоён буд. Аз њама њам зиёдтар ўро Коваи оњангар бад медид, чунки ёздањ писари ба камолрасидаи ў тўъмаи морони Зањњок гардиданд. Халќ исён кард, Кова пешдомани чармини оњангарии худро байраќи исён карда, ба халќ сардорї кард. Шўришгарон њокимияти шоњ Зањњоки аљнабиро сарнагун карданд.
Одамхўри имрўза - Гитлер ба манзили мо сар дароварда, мехоњад мамлакати зебои моро ба мамлакати ѓуломї ва асирї мубаддал гардонад. Писарони мањбуби халќ, муборизаи барои истиќлолият ва озодї бурдаи аљдодони худро ба ёд оварда, аз онњо њам мардонатар ва нотарсонатар љанг кунед.
Он ки мељангид он сон дар замони бандагї,
Бин чи сон љангад кунун дар давраи тобандагї.
Гитлерчиёнро аз замини советї зада њай кунед, агар онњо таслим нашаванд, берањмона ќир кунед.
Афсонањои падару бобоњои моро дар бораи Рустами достон ба хотир оваред, ба ёд оваред, ки Рустам - ќањрамони «Шоњнома»-и шоири љовидонаи дар љањон машњури мо - Фирдавсї чї мегўяд:
Нахоњам тани зиндаи беному нанг,
Битозам чу боди дамон сўи љанг.
Кунам рўи кишвар њама бесипоњ
Синонам гузар гирад аз чархи моњ.
Њама роњу расми паланг оварам,
Сари саркашон зери чанг оварам.
Таърихи халќи мо дањњо ин гуна ќањрамонњои номдорро ба майдон овардааст. Ваќте ки арабњо дар асри У111 ба сарзамини мо њуљум оварда, мехостанд ба тани халќи мо либоси сиёњи мотам пўшонанд, тољикон бо сардории лашкаркашњои худ Абумуслим, Тањмоси Хуљандї, Ибни Муќаннаъ чандин сол машъали шўришро фурўзонда, љангиданд. Темурмалики Хуљандї ва Мањмуди Торобї дар муборизаи халќ бар муќобили муѓулњои бадхашми истилогар роњбарї намуданд.
Наход, ки шумо, авлоди он падарони сарафроз, мегузоред, ки немесњои бењаё тавќи асириро бар гарданатон печонда, шуморо монанди ѓуломон дар заминњое, ки аз худи шумо ба зўрї гирифтаанд, кор фармоянд. Не. Њељ ваќт писари озодидўсти тољик ба чунин нанг ва бадномї тан намедињад. Вай њамеша васияти аљдодони худро дар хотир нигоњ медорад:
Чунин гуфт доно, ки мурдан ба ном,
Бењ аз зинда, душман дар ў шодком.
ЉАНГОВАРИ ТОЉИК!
Пешво ва падари мо Сталини бузург ба тољикон чунин супориш додааст: « ба тамоми Шарќ нишон дињед, ки Шумо байраќи озодиро дар дастони худ мустањкам нигоњ медоред ва авлодњои сазовори аљдодони бузурги худ мебошед»
Бо роњзанњои гитлерї љангида истода, ин супориши Сталини мањбубро бо камоли ќањрамонї ва мардонагї иљро кун!
Бо шунидани њар хабар аз шуљоат ва њунарнамоињое, ки шумо дар майдони љанг мекунед, нури нав ба чашм, зўри нав ба бозу ва ќуввати нав ба дили мо меояд. Мо фахр мекунем, сарафрозем, ки бисёрии Шумо дар он ќисмњои ќушунї мебошед, ки Саркомандадењи Олї рафиќ Сталин ба онњо ба муносибати ѓалабаи мо ва маѓлубияти фашистони истилогари немец ва иттифоќчиёни онњо - руминњо, италянњо ва венгерњо дар назди Сталинград, дар Дон, Кавкази Шимолї, дар назди Воронеж, дар райони Великие луки, љанубтари кўли Ладога ташаккур изњор кардааст. Мо фахр мекунем, сарафроз мешавем, ки дар миёни шумо монанди Ќањрамони Союзи Советї Неъмат Ќаробоев, ордендорон Муњаммадї Иброњимов, Ѓозї Рашидов, Отахон Низомав, Раљаб Мамадов, Нуъмон Умаров, Тешабой Одилов, Давронов, Шукрулло Исоев ва бисёр љанговарони дигари ба њамаи мамлакат машњур њастанд.
Бовар кунед, ки мо њам дар фронти мењнат њељ як аќиб намемонем. Мо љонсупорона мењнат карда истодаем ва боз њам фидокорона кор мекунем, ки мамлакат ва армияи сурхи љонољонамонро аз њама чизи зарурї таъмин намоем. Занон, модарон ва хоњарони шумо дар баробари мардон ихтисосњои шавњар, фарзанд ва бародарони ба фронт рафтаашонро бомуваффаќият ёд гирифта, бо тамоми ќувваи худ ба Армияи сурх ёрї расонида истодаанд, ки душмани палидро торумор кунад. Мо нефт ва ангиштњосилкуниро рўз то рўз зиёд мекунем, торафт бисёртар мањсулоти саноатї мебарорем, майдони киштро васеъ менамоем, њосилоти майдонњоямонро баланд мекунем, барои Армияи сурх њазорон њазор аспњои бодрафтор парвариш мекунем, барои бомуваффаќият иљро кардани плани соли 1942 аз њар се љињат - зироат, чорводорї ва кори МТС Тољикистони мо барои гирифтани Байраќи сурхи сайёри Кумитаи Давлатии Мудофиа кандидат тасдиќ шудааст.
Дар соли 1942 мо ба шумо ва ба рафиќони њамяроќатон бештар аз сад вагон тўњфањои бомуњаббат љамъ кардашуда ва садњо њазор сару либоси гарм фиристодем. Танњо колхозчиёни республикаамон дар давоми якчанд рўз ба сохтани колоннаи танкии «Колхозчии Тољикистон» зиёда аз 81 миллион сўм љамъ карда, супориданд. Љанговарони азиз, фашистони афъиро сахттар занед, бо тасмачархи ин танкњо сари онњоро берањмона маљаќ кунед!
Колхозчиёни мо дар бораи супурдани ѓалла гўшт, пашм ва дигар мањсулоти хољагии ќишлоќ ўњдадории худро дар ваќти худаш иљро намуда, илова бар ин бо нархи муќаррарии давлатї 300 њазор пуд мањсулоти озуќавї супурданд.
Ин њаракати ватандўстонаи халќи мо то рафт вусъат ёфта истодааст. Саломи пешвои мањбуб ва миннатдории Армияи сурх, ки барои иштирокамон дар кори умумихалќї сазовори он шудаем, дар шањру ќишлоќњои республикамон боз њам мављи пурљўш ба вуљуд оварданд, ба сохтмони колоннаи танкї маблаѓњо ва ба фонди мудофиа дохилшавии мањсулоти озуќавиро пўрзўр намуданд.
Мо болшевикони партиявї ва бепартиявии Тољикистон ба шумо ваъда медињем, ки дар љавоби фидокорињои љангии шумо, дар љавоби њуљуми музаффаронаи лашкари сурхи диловар, мо боз њам хубтар кор карда, ватан ва фронтро бо яроќ, лавозимоти њарбї, нефт, ангишт, либос, озуќа, бо њамаи чизњое, ки Армияи сурх ва рафиќ Сталин аз мо талаб мекунанд, то рафт зиёдтар ва зиёдтар таъмин мекунем. Мо барои Амияи сурхи љонољонамон пай дар пай одамони нави наѓз таълимгирифта тайёр мекунем, ба оилањои шумо падарона ва модарона ѓамхорї мекунем.
ЉАВОНМАРДЊОИ ШЕРДИЛИ МО!
Ба шумо дар бораи боз њам хубтар ва бењтар кор кардани худ ваъда дода супориши модаронро, ки бо шири онњо парвариш ёфтаед, хоњиши падаронеро, ки бо мењнати онњо тарбият гирифтаед ва фармони халќи худро, ки дар оѓўши мењрангези он ба воя расидаед, ба шумо мерасонем: он супориш ин аст:
Истилогарони фашистии малъунро берањмона ќир кунед! Барои Ватан, барои Сталин далерона пеш равед!
Фарзанди тољик натарсад аз кас,
Дар майдон асло намеравад, пас.
Ватан - Сталин, Сталин - Ватан»,
Дар њуљум инро медонаду бас.
Мо боварї дорем, ки дар миёни шумо чунин беномусе, ки аз майдони љанг гурезад, ёфт намешавад. Њељ модари тољик чунин унсури нопокро фарзанди худ намешуморад, дашт ва кўхсорони зарнигори мо ингуна доѓро дар дили худ ќабул намекунанд. Агар чунин нокас пайдо шавад, бидонед, ки ў аз мо нест, аз душман аст ва мувофиќи њамин бо ў рафтор кунед:
Касеро, ки бинмуд дар љанг пушт,
Бикуш, гар аду дар масофаш накушт.
Мо аз Шумо талаб мекунем, ки њар як амри командирони худро бетаъхир ва бечуну чаро иљро намоед, дар лањзањои хатарнок синаи худро пеши онњо далерона сипар кунед. Мо аз шумо талаб мекунем. ки фармони дар якуми май додаи рафиќ Сталинро иљро намуда, техникаи њарбии имрўзаро комилан аз худ кунед ва моњирона кор фармудани аслињаи худро ба таври аъло омўзед, ки ин аслињаро халќи советї монданашуда ва фидокорона барои шумо тайёр мекунад.
Мо ба мардонагї ва диловарии шумо боварии ќатъї дорем. Шумо намегузоред, ки хоки муќаддаси Ватани моро пои нопоки истилогар поймол кардан гирад. Шумо дигар њељ тоќат намекунед, ки фашистони дарранда аз неъмати мо бањраманд шудан гиранд. Шумо дигар намегузоред, ки ситамгарони лаънатї одамони советиро дар районњои муваќќатан забткардаи мамлакати мо тањќир кардан гиранд.
Фашистони бењаёро ягон нафар њам намонда, ќир кунед, ки онњо мехоњанд марќади Рўдакї, эљодиёти олими машњури тољик Абў Алї Сино, сањифањои достони намирандаи «Шоњнома»-и Фирдавсї, асарњои пурњикмати Саъдї, шеърњои оташбор ва лирикаи пурњикмати Камоли Хуљандї ва Њофиз, дурдонањои Љомиро сўзонда, ба як хокистартўда мубаддал созанд, чи тавре, ки ин вањшиён музей ва ёдгорињои Толстой, Чайковский, Шевченко ва дигар одамони бузурги халќњои бародарии моро хароб ва торољ намуданд.
Фашистони мурдор ба кирдорњои бади дањшатангези худ нисбат ба ањолии Ќрим ва Кавкази Шимолї ба тамоми љањон нишон доданд, ки онњо нафаќат душмани ашаддии халќњои Европа ва хусусан халќњои славиянї, балки душмани ашаддии халќњои Шарќ њам мебошанд.
Кушед, фашистони даррандаро, ки мехоњанд, ки дигар њељ гўше таронањои форами њофизони моро нашунавад, мехоњанд дигар њељ чашме раќсњои мафтункунандаи духтарони озоди моро набинад, намехоњанд дар њељ як китобе дигар шеър ва повестњои шоирону нависандагони мо дида шаванд, мехоњанд дар њељ як забоне дигар номи Тољикистони советї дида нашавад.
Ќир кунед, фашистони торољгарро, ки кўшиш доранд заминњои Шумо, боѓњои шумо, токзорони шумо, ѓаллаю рамањои шуморо ба даст оварда, самараи мењнати чандинсолаи шуморо аз худ кунанд, мехоњанд номуси занон, арўсон, модарон ва хоњарони шуморо бешармона поймол намояд, чи тавре ки номуси занон ва духтарони Украина, Белорусия ва дигар районњои муваќќатан забт кардаашонро барбод дода истодаанд. Онњоро берањмона ва монда нашуда ќир кунед!
Мезанад хасм туро, гар ки ту ўро назанї,
Меканад бехат агар, решаи ўро наканї.
Фашистони ѓоратгари немец барои ба даст даровардани маќсадњои худ кўшиш доранд бо роњи дурўѓ ва иѓвогарї дар байни халќњои мамлакати мо низо пошанд, то ки пас аз он тавонанд, онњоро тоќа - тоќа мутеи худ гардонида, ба зону нишонанд. Ин ба онњо муяссар нашуд ва њељ гоњ нахоњад шуд!
Мо зарбулмасали халќи худро њамеша дар хотир дорем:
Чун љамъ шаванд панљ ангушт,
Гарданд ба фарќи душманон мушт.
Гар ангуште људо бимонад,
Њар тифл шикастанаш тавонад.
Мо наѓз дар хотир дорем ва њељ гоњ фаромўш намекунем, ки барои хушбахтии халќњои тољик дар солњои љанги гражданї баробари хуни муборизони тољик хуни њазорњо бародарњои мо аз авлодњои халќи кабири рус, украин ва дигар халќњои советї рехта шудааст. Воќеањое, ки писари коргари Ленинград ё фарзанди дењкони Полша љони худро ба хатар андохта мељангид, то ки хоњар ё бародари тољикро аз дасти ќаттоли ќурбошї наљот дињад, як ё ду воќеа нестанд. Бисёртарини шумо дар хотир доред, солњоеро, ки русњо, украинњо, белорусњо дар зери фармондењии лашкаркаши пуристеъдоди рус ба ўзбекњо, туркманњо, ќирѓизњо ќазоќњо ва мо, тољикњо барои халосї аз чанголњои амир ва хонњо мардона ёрї доданд.
Дар он рўзњои оташу хун кадом ќувва моро ба ѓалаба расонд? Ќувваи дўстї ва бародарии халќњои советї, нињоли гаронбањое, ки Ленин ва Сталин дар боѓи Окябр шинонданд.
Имрўз шумо фарзандони Тољикистон бо якљоягии фарзандони халќњои дигари ватанамон ба душманони пурхашмтарини озодї ва истиќлолияти ватани сосиалистии худ, ба муќобиди дуздони гитлерї љангида истодаед. Кадом ќувва дар рўзњои љаги кабири ватанї моро ба ѓалабаи ќатъї мерасонад? Боз њам ќувваи дўстї ва бародарии халќњои советї, меваи ширини он дарахти муборак, ки боѓбони хирадманд Сталин онро эњтиёткорона сабзонд ва ба камол расонд.
Агар ду бародар нињад пушт-пушт
Тани кўњро хок монад ба мушт.
Мо, халќњои советї бозуи ватани ягонаи худамон мушти ў њастем, ки сари пурбоди фашистонро зада, маѓзашонро парешон мекунад. Њељ ќуввате ва њељ фиребе наметавонад моро аз њамдигар људо карда шикаст дињад, вай бо њељ як ќуввае наметавонад, ки дўстии вайроннашавандаи сталинии халќњои СССР-ро, ки бо хуни бародарии дар фронтњои ватанї рехтаи худ мустањкам гардидааст, вайрон кунад. Шумо ин дўстиро муќаддасона муњофизат ва мустањкам намоед, «зеро то даме, ки ин дўстї пойдор аст, халќњои мамлакати мо озод ва маѓлубнашаванда хоњанд монд» (Сталин).
ЉАНГОВАРОНИ ПАЊЛАВОНИ МО!
Дар чанги зидди душманони пуркинаи инсоният - фашистњо иштирок кардан барои шумо шарафи бузург аст.
Фарзандон ва наберањоятон бо шумо фахр мекунанд. Халќи мо ќањрамонии шуморо бо миннатдорї ва муњаббати чуќур як умр дар лавњи хотири худ нигоњ медорад. Шердилона ба пеш кадам занед, писарони мањбуби Тољикистон! Шаѓолони нафратангези гитлериро, ки замини советиро ифлос карда истодаанд, зада њай кунед, одамхўрони гитлериро нобуд кунед. Њамаи сагони девона, њамаи роњзанони фашистиро ќир кунед, то :
Намонад ситамгори бадрўзгор
Бимонад аз ў лаънати пойдор.
Бо ќањрамонї, шуљоатмандии бењад ва дўстии шўълавари худ рўзи ѓалабаи мо ва маѓлубияти душманро наздик кунед. Мо боварии комил дорем, дур нест он рўз, ки Армияи советии ќањрамони мо дар тањти роњбарии бузургтарин стратег ва лашкаркаш рафиќ Сталин одамхўрони гитлериро ба куллї торумор менамояд.
Марг ба истилогарони немец!
Зинда бод, фарзандони нотарси халќи тољик, ки дар фронтњои љанги ватан мардвор љангида истодаанд!
Зинда бод, Армия сурх ва Флоти Њарбї - бањрии ќањрамон!
Зинда бод, дўстии маѓлубнашавандаи Сталинии халќњои СССР!
Зинда бод партияи пуршарафи Ленин-Сталин!
Зинда бод пешво ва лашкаркаши генеалии мо Сталини кабир!
Ин нома аввалан нишонаи хирад ва ќањрамонї, намунаи таблиѓ, далели таъсиррасонї бо мактуб аст. Албатта, тањрири бевоситаи он ба ќалами эљодкорон тааллуќ дорад. Яъне, Бобољон Ѓафуров шахсан нанавиштааст. Аммо соњиби идея, ташаббускори навишта шудани мактуб, тарзи истифодаи фактхои таърихї ва масъулияти љиддие, ки дар ин нома њаст, бовар мекунонад, ки онро устод дида, тањриру иловањо кардааст
Дар заминаи ин мактуб номаи манзуми «Аз аќибгоњ ба фронт» ва «Аз фронт ба аќибгоњ» пайдо шуданд, дар заминаи ин ташаббус дар матбуот шиори:
Мард дар њимояи Ватан аст
Рули трактор дар дасти зан аст.
Ба майдони матбуот омад.
3.Дар яке аз мулоќотњое, ки соли 1942 бо зиёиён дошт, Бобољон Ѓафуров масъалаи нашри «Ойинаи тољикТА»-ро ба миён гузошт. Расму плакатњои њаљвии сиёсї, яъне карикатурањо, матнњои кўтоњи пуртаъсир, бењтараш як ду байти обдор ба њайси плакат барои душманон дандоншикан, барои аскарони мо рўњбаландкунанда мешавад. Мо барои ин рассомони моњир њам дорем, нависандагони нагз њам,- гуфта буд ў дар он сўњбат. Дар воќеъ дар он солњо 323 шумораи « Ойинаи ТољикТА» ва ќариб 250 вараќањои сиёсї, дар Тољикистон тайёр ва дар хати пеши фронт пайдо шуданд.
4.Ќобилияти ташкилотчигии Бобољон Ѓафуров дар соњаи журналистика танњо ба солњои љанги Бузурги Ватанї не, балки ба даврањои дигари њаёташ, то ба охирњои солњои њафтодум низ оид аст. Дар охирин соле, ки вай роњбари Тољикистон буд, дар мамлакат 58 рўзнома, 11 маљалла бо тиражи якдафаинаи 540 њазор нусха чоп мешуд. То њамон ваќт 8 љилди Асарњои дар тарљумаи тољикї чоп шуданд. Аслан ташкили тарљума ва нашри асарњои ташаббуси Бобољон Ѓафуров буда, ин кор асосан аз соли 1954 оѓоз шудааст. Баъдтар, ваќте ки ў ба Москав ба кор рафт, дар Институти Шарќшиносии СССР ташаббус кард, ки як силсила дастнависњои нашрнашудаи сайёњон ва сафоратњои Россия ба Осиёи Миёнаи асри Х1Х ба сифати китобњои алоњида чоп шаванд. Аз ин силсила бештар аз 15 китоб ба нашр расид, ки њамашон зери назари академики тољик баромадаанд. Дар бисёр ваќтњо њатто ходимони давлатї ба нашри ин китобњо монеъ шудан мехостанд, аммо номи Б. Ѓафуров пеши роњашонро мегирифт. Сабаб дар он буд, ки дар ин асарњо њаќиќати таърихї, сиёсї ва фарњангиву демографии Осиёи Миёна баён карда мешуданд. Яке аз онњо асари Е. Г Мейендорф «Путешествые из Оренбурга в Бухару» мебошад, ки аз сафари соли 1820 навишта шудааст. Њељ китоби нашри Россия бењтар аз он љои тољиконро дар Бухоро маълум накардааст. Дар ин асар аз љумла омадааст:
«Бухарский народ разделяется на две основные группы: одна победивщая и господствующая, другая-побежденная и подчененная. Первую состовляют узбеки, вторую - таджики. Последные рассматрывают себя как первоначалное население страны и происходят вероятно, от древных согдийцев. Узбеки, утверждающие, что они явились из окресностей Астрахани, разделяются на много племени».
ПУБЛИСИСТ
Фаъолияти публисистии Бобољон Ѓафуров аз соли 1935, аз замони баргаштани ў аз Москав оѓоз меёбад. Асарњои публисистии вай ба се забон- тољикї, русї ва ўзбекї навишта шудаанд. Публисистикаи ўзбекии ў ба даврае иртибот мегирад, ки дар рўзномаи «Ќизил Тожикистон» кор мекард. Яъне матолиби ўзбекиаш мањз бо маќсади иљрои вазифаи кориаш навишта шудаанд. Навиштањои публисистии тољикиаш аз солњои шуруъ шуда, то давраи ба Москав ба кор рафтанаш давом кардааст. Дар ин давра вай публисистикаи худро ба забони русї њам навиштааст. Ва нињоят дар бист соли охири умраш устод асосан ба забони русї эљод кардааст. Њатто чунин таълифоташ, мисли «Хуршеди олам» («Садои Шарќ», 1960), «Дар оилаи тифоќи халќњо» ( «Тољикистони советї», 1967), повести «Мањмуд» низ ба забони русї навишта шудаанд. Русинависии ў асос, зарурияте дошт. Бобољон Ѓафуров дар он айём ба Институти Шарќшиносии Академияи фанњои СССР роњбарї мекард ва мусаллам аст, ки дар муассисањои марказии шўравї забони корї русї буд. Забони байналмилалї низ барои академик Ѓафуров њамин забон мањсуб мешуд. Дар конференсия, семинар ва симпозиумњои сершумори байналхалќї суханронињояш низ бо њамин забон буданд. Бештар дар матбуоти русизабони Иттифоќ маќолањо дарљ мекард, дар китобњои русинашр муќаддима менавишт, бо журналистони ватаниву хориљї бо њамин забон мусоњиба мекард ва доираи хонандагонаш, њадафи матолибаш аз чорчўби Тољикистон хеле ва хеле фаррохтар буданд. Ў Тољикистонро барои дигарон муаррифї мекард ва барои ин забони байналмилалї лозим буд ва забони русї барои вай њамин вазифаро иљро мекард. Бинобар ин забони корї ва амалиаш русї буд.
Хислати публисистикаи Бобољон Ѓафуровро бо ибораи «публисистикаи илмї» ифода кардан мумкин аст. Зеро дар њамаи навиштањояш дар тўли 40 сол тањќиќот ва мулоњизањои илмї љузъи муњими андешањояш, компоненти муњими тањќиќи мавзуъ ва баёни он буданд. Воќеан, махсусияти ин навъи маќолањои публисистии илмї асосан он аст, ки дар баёни муњимтарин воќеањои имрўз аз унсурњои љиддии илм истифода мешавад. Ин илми холис нест, балки истифодаи тезисњо, маќолањо ва андешањои илмї дар баёни мавзўи публисистї аст. Ин шакли маќола камолоти илмї ва маънавии муаллифро низ нишон медињанд. Яке аз хусусиятњои муњими он чизи душворро бо сабки осон фањмондан бошад, дигараш њамоно дар фањми душворињои рўзгор унсурњои омшудаи таърихро истифода бурдан мебошад.
Зимнан бояд гуфт, ки тањќиќи илмї, таваљљўњ ба таърихи халќ дар фаъолияти академик Бобољон Ѓафуров аз њамин чизи дар зоњир оддї - таваљљўњ ба зуњуроти њаррўзаи зиндагї оѓоз гардида, бо камолоти бењамтои илмї намоён шуд. Бо исбот дар бораи чизњои оддї сухан рондан, ўро ба такя ба манбањои боэтимод оварда расонд. Аз њамин сабаб њам дар асари аввалини илмиашон «Падение Бухарского эмирата», ки њанўз соли 1940 ба чоп расидааст, гарчи тањлил ва тањќиќи илмї кам нест, аммо таъсири публисистии он барозандатар аст. Ин барои асаре, ки барои таблиѓи гояе навишта мешавад, нињоят муњим аст. Зеро маќсади муаллиф танњо гуфтану хабар додан аз воќеањо ва зуњурот нест, балки бо ин чиз ба раванди воќеањо таъсир расонидан аст. Баъзан дар назари ман асари бадеии устод Садриддин Айнї – «Љаллодони Бухоро» аз кадом як љињате ба њамин асари устод Ѓафуров монанд менамояд.
Барои фањми њарчи бештари публисистикаи устод ба охирин маќолаашон дар вазифаи Котиби КМ ЊК (б) Тољикистон, ки дар рўзномаи «Известия» 31 маи соли 1946 чоп шудааст ва то нашри он дар рўзномаи «Тољикистони сурх» роњбари њизби Коммунисти Тољикистон интихоб шудаанд, таваљљўњ мекунем. Ин маќола гарчи бо услуби доимии Бобољон Ѓафуров - истифодаи фактњои таърихї, муќоисаи фактњо навишта шудааст, аммо забонаш њам, истифодаи унсурњои бадеї низ дар он дар пояи баландтар аст. Мавзўи маќола масъалаи тайёр кардани кадрњо аст ва он бо чунин ривояти сохтаи муаллиф шурўъ шудааст:
«Муддате пеш аз револютсия дар ќишлоќи Ќистакўз, ки њоло маркази райони Чкалов, вилояти Ленинобод мебошад, чунин воќеае рўй дода буд.:
Эълон карда шуд, ки калони волост (волостной) интихоб карда мешавад. Дар миёни бойњои мањаллї кашмакаш сар шуд – њар яке аз онњо мехост, ки ба ин мансаб интихоб шавад. Як бой барои порадињї ва зиёфат кардани интихобкунандагон ду њазор сўм, дигаре дуним њазор сўм ва сеюмї се њазор сўм харљ кард. Дар натиља аз онњо касе интихоб шуд, ки аз њама зиёдтар харљ карда буд. Он гоњ яке аз даъвогарони бенасибгашта – бой Малла Булус ба Генерал-губернаторї рафта ба чанд нафар амалдорони рутбабаланд пораи зиёде дод ва … интихобот ѓайрињаќиќї дониста шуд ва ба ќишлоќ амрнома омад, ки Малла Булусбой калони волост њисоб карда шавад.
Халќ ин амрномаро бепарвоёна истиќбол кард – ба он фарќ надошт, он касе, ки ба онњо зулм ва онњоро хонавайрон кунад, чї ном дорад. Илова бар ин одамњо медонистанд, ки эътироз кардан бефоида аст. Тартиби муќарраршуда чунин буд: амалдори амир духтари соњибљамолатро зўран аз ту бигирад – дам назан; бое боѓи туро аз дастат кашида гирад – овоз набарор, туро зананд, ба «обхона»-и бўйноки зиндон партоянд – лаб накушо…
Чунин буд рўзи тољикон дар замони амири Бухоро ва дар замони подшоњ.
Мамлакати аз дасти бероњї аз њам људошуда, мамлакати хароб ва ќашшоќшуда, ки дар он дењќонон худашонро аз номи мањалли таваллудшудаашон «вахонї», «ќаротегинї», «хуљандї» меномиданд, мамлакат саросар бесавод, дар љањолатмонда сарзаминњо, ки дар онњо касалињои бисёри гузарандае њукмфармо буданд, ва ањолиаш мањкуми мурда рафтан буд, - чунин буд Тољикистон њамагї 28 сол пеш аз ин».
Дар ин муќаддима њама чиз гуфта шудааст: њам шакл ва оќибати интихоботњои дурўѓин ва муносибати мардум ба онњо, њам монандии тарзи золимонаи яккароњбарї, њам бадкории амирони мањаллї ва подшоњони аљнабї нисбати мардуми мењнаткаш, њам зиндагии ќашшоќона ва њам парокандагии миллат, ки якдигарро намешинохт, њам тарсу, хомўш ва бадбахт шудани мардум, ки имкони овоз баланд карданро аз даст дода буд, њатто дар бадбахттарин рўзаш маљбур буд хомўширо нигањ дорад, то осмон ба сараш наафтад. Ин бузургии нависанда аст, ки дар як порчаи хурд њамаи дарду аламро гуфта тавонад ва тавре нависад, ки барои њама фањмо шавад ва ба истилоњ, савол боќї намонад.
Дар ин порча дар симои персонажи сохташудаи Малла Булусбой (дар халќ маллабой - рус, булус - волость аст) муносибати халќи тољик ба истисморгарони рус. Муаллиф онњоро бо тамасхўр ёд мекунад.
Баъди ин нависанда дар хусуси муваффаќиятњои зиёди истењсолї ва тарбияи кадр дар солњои панљсолањои сталинї сухан мегўяд.
Аз љумла менависад, ки «Дар зарфи панљсолањои сталинї мо нафаќат љуѓрофияи республикаамонро таѓйир додем, аз миёни кўњњое, ки пеш касногузар буданд, роњњо мебаровардем, дар биёбонњои беоб каналњо месохтем, нафаќат маъданњои нави зеризаминї кашф мекардем ва онњоро ба хизмати халќ мегузоштем, балки мо аз таги ќабатњои замин даврањои гузаштаи бои таърихии худро, маданияти худро кашф мекардем, мо барои ба майдон баромадан ва гул-гул шукуфтани ќобилиятњои халќї мадад мерасонидем, ки онњо истеъдоди ташкилотї ва ќуввањои эљодии худро дар њама соњањои сохтмони сосиалистї ба кор мебурданд. Барои халќи мо дар њаёт ва амалиёти он таълимоти ленинї-сталинї дар бораи баробарњуќуќии миллатњо, дар бораи тараќќї додани маданияти миллишаклу сосиалистимазмун машъали рањнамо мебошад.
Аммо мувафаќќияти аз њама муњимтар ва аз њама пурќиматтарини республика одамњои он мебошанд. Дар панљсолаи Сталинї мо халќро дар рўњияи шуурнокии баланди миллї ва гражданї тарбия менамудем. Љањонбинї ва психологияи одамњо таѓйир ёфт».
Дар ин порчаи маќола њамаи пешрафтњоро зикр карда, Бобољон Ѓафуров пешрафти маънавии халќ, тарбия шудани кадрдњоро аз њама асосї ва муњимтар медонад ва аз ин чиз бештар ифтихор дорад. Ва ин табиист. Зеро ин хок ва ин марзи Тољикистон њазорњо сол вуљуд дошт, аммо њама чизаш барои мардум дастнорас буд Сохти нав кадре тарбия намуд, ки ин заминро шикофт, сирри онро ёфт ва истифода кард. Вай одамони аз нигоњи фањмиши маънои зиндагї навро дида, хурсанд мешавад:
«Боре ба ман сухани як пирамарди колхозчии њамон ќишлоќи Ќистакўзро шунидан рост омад. Ин колхозчии пир дар маљлиси машваратии районии пахтакорони пешќадам баромада, сухан кард ва дар сухани худ раиси колхози худро ба ин айбдор кард, ки ба звенои ў миќдори даркории нуриро надод, ки ин кори нодуруст аст. Иштироккунандаи дигари њамон маљлиси машваратї ба як норизогї мегуфт, ки маърўзачї номи стахановчї Умароваро набурд, ки колхоз бо ў фахр мекунад ва ба фикри ў ањли тамоми район кї будани ин стахановчизанро бояд бидонад.
Ин гуна фактњо, ки мумкин аст дар назари аввал ночиз ва беањамият намояд, дар бораи дењќони нави тољик, ки як ваќтњо бењуќуќ, аќибмонда ва хорузор буд тасаввуроти равшан медињанд».
Бо ин порча муаллиф хеле устодона вазъияти нави рўњияи тољиконро бо он авзое, ки дар аввали маќолааш тасвир кардааст, муќоиса мекунад. Таѓйирёбии тарзи фикр ва зиндагї, таѓйирёбии маънавии халќи тољик асоситарин комёбии ўст. Маќсади маќола њам пеш аз њама њамин чизро нишон додан аст. Дар маќола таѓйироти сифатї ва миќдории кадрњо зикр шуда, муаллиф пеш аз њама ба тайёр шудани кадрњои соњаи саноат ва маориф диќќатро љалб менамояд Ў аз љумла менависад: «Дар соли 1928 дар Тољикистон њамааш шуда 487 нафар коргарони саноатї буданд, дар соли 1940 бошад, шумораи онњо ба 28 њазор расид. Пеш аз революсия дар Тољикистон касони хату саводнок 0,5 просентро ташкил медоданд. Њозир дар мо саводнокњо 76 просент мебошанд. Акнун мо муаллимњо ва духтурњо, инженерњо ва агрономњо, ирригаторњо (обёрњо) ва роњсозњои худро дорем»
Дар радифи њамин гуфтаи боифтихор, ки «мо мутахассисони худро дорем», мегўяд, мехоњам таъкид намоям, ки таърихи худро нагуфтан, ё нодуруст гуфтан, ва ё умуман рад кардан, натанњо ба нофањмї, балки ба кўрнамакї низ мебарад ва мављуд будани чунин маќолањо моро аз ин ќадрнодонї мебароранд. Гап дар сари он аст, ки як идда љавонњои мо, ки аз он таърих хеле дер ба дунё омадаанд ва Тољикистонро дар замоне дидаанд, ки саноат, зироат ва маданияти асрї дорад, дар замоне дидаанд, ки мардум бо техникаи муосир кор мекунанд, ба таблиѓу ташвиќи онњое, ки худашон гузаштаро дуруст дарк намекунанд, дода шуда, чунин мепиндоранд, ки халќу ватани мо аз ќадим чунин обод буд, фаќат дигарњо омада моро аз роњ мезаданд, ѓорат мекарданд, истисмор мекарданд ва ѓайра. Барои онњое, ки ба миллати худ хизмат кардан мехоњанд, пеш аз њама донистани воќеияти гузашта муњим аст, то ба имрўз бањои њаќиќї дода тавонанд. Ин маќола моро ба чунин андешањо вомедорад.
Дар як љои маќола Бобољон Ѓафуров таваљљўњро ба чунин мисолњо љалб мекунад: «Омўзишњои системаи резервњои мењнатї дар муддати давоми худ аллакай 5700 нафар роњиоњанчиён, алоќачиён, ангишканњо, нефтчињо, газворбофњоро тайёр карда бароварданд. То охири панљсолаи нав мактабњои ФЗО ва омўзишгоњњои њунармандї боз 16 њазор нафар коргаронро тайёр мекунанд
Дар ваќти љанг кори тайёр кардани мутахассисони миёна ва олї суст нашуда буд. Дар солњои љанг техникумњои индустриалї ва консерв кушода шуда буданд ва онњо ба наздикї дафъаи якум як гурўњ талабагонро тайёр карда мебароранд. Мактабњои зерин кор мекунанд: техникумњои хољагии об, роњи автомобилї, молия, кооперативї, ќироатхонагї, хољагии ќишлоќ, мактаби миёнаи тиббї, мактаби адлия, 11 омўзишгоњњои педагогї, 3 институти муаллимон ва ду институти педагогї, институти хољагии ќишлоќ ва институти тиббї. Шумораи талабагон аз миллатњои мањаллї назар ба соли 1941 дар техникумњо чор баробар ва дар мактабњои олї се баробар зиёд шудааст.
Дар як худи соли 1946 барои маорифи халќ ва илм аз бюджети республика 275 миллион сўм људо карда шудааст… Дар мактабњои ибтидої ва миёна зиёдтар аз 300.000 нафар талаба, яъне аз 5 нафар гражданини республика як нафараш ва дар техникумњо ва мактабњои олї то 12 њазор нафар одам тањсили илм мекунанд. Барои дар наздиктарин солњо кушодани Дорулфунуни тољикї кори тайёрї пеш бурда шуда истодаст, ташкил кардани Академияи фанњои Тољикистон низ дар пеш аст».
Бояд гуфт, ки он чи дар мавриди таъсиси Университет ва Академия омадааст, ин аз аввалин тазаккурот дар хусуси ташкилшавии ин ду муассисаи муњими илму таълим аст. Бобољон Ѓафуров натанњо аз ин чиз хабар медињад, балки њамчунон дар раванди омодагї ва ба кор даровардани онњо шахси соњибсухан буд. Масалан дар ќарор дар хусуси таъсиси Донишгоњи давлатии Тољикистон, ки соли 1947 бо имзои Сталин баромадааст, пешнињоди Ѓафуров будани ин ташаббус зикр карда шудааст. Публисистикаи вай пайванди амалии кораш низ мебошад.
Аз ин маќолаи калон танњо як љумлаи дигарро ба тањлил мегирем. Устод менависад, ки «Асоси тайёр кардани кадрњои интеллигенсия мактабњои ибтидої ва миёна мебошанд». Ин сухан дар диди аввал аљиб менамояд, вале агар даќиќан нигарем, њаќиќати мањз аст. Аввал ин ки хишти аввали илму амал ва муносибати љамъиятї мањз дар мактаб гузошта мешавад. Сониян одобе, ки дар мактаб таълим дода мешавад ва наврасон дар муносибати боњамї ва таълими устодон, дар заминаи одоби хонаводагї асоси тафаккурро савќ медињанд ва њамин чиз интеллектро равшану фаъол мекунад ва њамин чиз заминаи муносибатњои минбаъдаи шахсро ташкил медињад. Бино бар ин танњо маълумоти олидоштагонро ба гурўњи интеллигенсия дохил карда, дигарњоро сарфи назар кардан, ба њаќиќат мувофиќ намеояд.
|
Из за большого объема этот материал размещен на нескольких страницах:
1 2 3 4 5 6 7 |


