«Чунин даъво кардан нодуруст мебуд, ки њоло асарњоеро, ки њодисањои манфии њаёти мо ва љорикунандагони хурофотњои кўњнаро фош мекунанд, надошта бошем. Аз љумла як ќатор асарњои драматургия, масалан, пйесаи Миршакар «Шањри ман», пйесењои якпардагии вай - «Хатои Бобо Сафар» ва «Тўњматшоев», пйесаи Боќї Рањимзода ва Дењотї - «Таърифхољаев», пйесаи Боќї Рањимзода ва Рабиев «Дар сояи шипанг» ва дигарњо ба њамин мавзўњо бахшида шудаанд.

Њамаи ин асарњо, ба вуљуди мукаммал набудани худ, шавќу мароќи калони хонандагон ва нависандагонро љалб карданд. Ман махсусан дар бораи пйесаи «Таърифхољаев» гап задан мехоњам. Дар ин пйеса шитобкорї њис карда мешавад. Образњои ќањрамонон пурра кушода нашудаанд. Вале азбаски ин пйеса ба масъалаи њаёту мамоти сохти колхозї дахл карда, одамони аќибмонда ва бегонаро фош мекунад, дар бисёр театрњо ва театрњои коллективи њаваскорони бадеї намоиш дода шуд, тамошобинон онро бо мароќи зиёд тамошо карданд ва номи Таърифхољаев њамчун ифодакунандаи раисони бади колхозњо исми ом шуда монд.»

Ќобили тазаккур аст, ки Бобољон Ѓафуров бо ин ифодааш на њамчун арбоби сиёсї, пеш аз њама њамчун адабиётдон таборуз мекунад. Ќаблан зикр шуда буд, ки ў дар Анљумани ЊК Иттињоди Шўравї чи гуна аз номњои омшудаи ќањрамонњои Гогол истифода бурда буд. Дар адабиёти навини тољик образњои Ќорї-Исмат ва Одина вирди забон буданд ва акнун вай дар адабиёти миёнаи асри бист ба ин образ ишора мекард. Ин нишони донишмандиааш аст, зеро равияи љањонї моро ба он мўътаќид месозад, ки адибон бо чунин образњо шинохта ва халќ бо образњои омшудааш муаррифї мешавад.

НЕ нашли? Не то? Что вы ищете?

Бо њамин гуна серталабї Бобољон Ѓафуров ќисмати чањоруми нутќашро ба масъалаи «Нисбат ба нависандагон серталаб бошем, танкид ва худтанќидкуниро вусъат дињем», мебахшад. Вай серталаб буданро асоси пешрафти кор дониста, таассуф мехўрад, ки «њатто нависандагони калони мо њам ваќтњои охир нисбат ба эљодиёти худ серталаб нестанд. Чунончи дар ваќти худ ба Рањим Љалил дар бобати романи «Пўлод ва Гулрў», инчунин ба Љалол Икромї дар бобати романи ў «Шодї» бисёр фикрњои танќидї баён карда шуда буданд. Шубњае нест, ки ин асарњо асарњои хуб мебошанд, вале дар онњо љойњои чаламонда, образњо ва тасвирњои нобоб ба дараљае бисёранд, ки дар болои ин асарњо боз њам устуворона кор кардан лозим буд. Аммо рафиќон Љалол Икромї ва Рањим Чалил садои танќид ва орзўњои хонандагонро ба назари эътибор нагирифтанд.» Бобољон Ѓафуров дар бораи чанд адиби дигар хеле љиддї мегўяд: «Ман фикр мекунам, ки съезд њак дорад аз Дењотї, Ниёзї, Рањимї барин нависандагон пурсад: онњо дар давоми панљ соли охир ба халќ чї доданд!»

Дар маърўза талабњои љиддї барои инкишофи танќид, натанњо асарњои њаљвї танќидї, балки њамчунон танќиди адабї пешнињод мешавад, барои њамин њам дар охир ќисмати директивї хеде мустањкам мешавад:

«Бюрои КМ ПК Тољикистон ба ман супурд ба нависандагони коммунист бо чунин даъват мурољиат намоям, ки онњо худро дар адабиёт амалан муборизони пешќадами роњи партия нишон дињанд, бо роњи тарбия ва боваркунонидан ба он муваффаќ шаванд, ки њамаи нависандагон дар сохтмони коммунистї дар тарбияи маънавї-сиёсии бинокорони коммунизм, дар кори бартараф кардани боќимондаи хурофотњои капитализм дар шуури одамон фаъолона иштирок кунанд.» Дар ин замина ў дар назди Иттифоќи нависандагони Тољикистон вазифа мегузорад, ки :

1. Асарњои хом, чала ва халтуравї набояд умуман дар матбуоти мо пайдо шаванд. Вале агар ин гуна асарњо пайдо шаванд, бояд бе њељ рўихотир онњо беамон танќид карда шаванд;

2. Мо ба чунин танќиде, ки ба нависанда ёрї нарасонида, балки вайро тамоман мањкум мекунад, муќобилем. Мо ба чунин таќризњое, ки асаррро ба таври амалї тањлил накарда, онро торумор менамояд, муќобилем;

3. Барои мо танќиди принсипиалии хайрхоњона, ба таври рафиќона фањмонда додани хатоњо зарур аст, зеро бе ингуна танќид адабиёти тољик сабзида ва тараќќї карда наметавонад;

4. Бисёр мунаќќидони адабї ва адабиётшиносони мо одамони бељуръатанд. Фаќат ба њамин љуръат карда метавонанд, ки эчодиёти нависандагони асри ХУ-ро тањлил кунанд ва њатто баъзе аз онњо њељ љурат намекунанд, ки њатто ба дараљаи тањлил кардани нависандагони асри то Х1Х бирасанд. Баъзе мунаќќидон ва адабиётшиносони моро бо зўрї маљбур кардан лозим меояд, ки ба масъалаи адабиёти муосир машѓул шаванд.

6. Таърихи адабиёти пешазреволюсиониро омўхтан лозим аст. Вале дар айни замон муќаррар кардани рафт ва ќонунияти инкишофи адабиёти советии тољик, муайян намудани ќимати нависандагони њозира барои мо хеле муњим аст. Кори институти забон ва адабиёти Академияи фанњои РСС Тољикистон бояд ќатъиян дигаргун сохта шавад, то ки вай ба омўхтани таърих ва проблемахои асосии адабиёти советии тољик бештар машѓул шавад.

7. Вазифаи ташкилоти партиявии мо ба Иттифоќи нависандагон њамаљониба мадад расонидан аст. Дар ин сурат фаъолияти тарбиявї ва ташкилотчигии Иттифоќи нависандагон боз њам мукаммалтар ва муассиртар мешавад.

Ин маърўзаи Бобољон Ѓафуров двр њаќиќат як маќолаи пурљозибаи публисистї мебошад. Хислати публисистии он пеш аз њама дар интихоб ва тањлили факт, дар хислати актуалї ва имрўзии воќеахои тањлилшаванда, дар мундариља ва бањо додан ба асарњо аст. Дар ин асар унсурњои маќола, таќриз дар омехтагї меоянд, дар он хислати тањќиќи таърих ва директива бо њам омехта мешаванд. Зеро муаллиф аввалан њамчун сардори давлат њарф мезанад ва њаракат мекунад, ки шунаванда роњбар будани гўяндаро дарк кунад, сониян вай худро аз эљодкорон дур намегирад, чунки худашро њамкасб ва њаммароми њозирин медонад. Нињоят тахлили вай аз хислати директивї дида, бештар хусусияти эљодї касб кардааст.

Дар замина бояд гуфт, ки хислати хоси забони Бобољон Ѓафуров дар он аст, ки вай образнок аст, аз ифодањои халќ кор мегирад ва сохти суханаш ба забони адабии гуфтугўї мувофиќ меояд. Аммо дар каломи ў, махсусан њангоми истифодаи истиллоњот ифодањои шевагї низ истифода мешаванд.

4. Публисистикаи баъди соли 1957 ў аз рўи хислат ба чанд љињат таќсим мешавад: хислати аввалаш гуногунжанрист. Маќолањояш њам равияи назариявї, хам публисистии соф, хам тањќиќотї монанд, ки дар онњо маводи таърихиву адабиётшиносона дар якљоягї меоянд, доштанд, сафарномањояш хислатњои ба ин навъи очерк хосро доро буданд, таќризњояш намунаи жанри публиситиро намояндагї карда метавонистанд ва онњо бештар хислати таблиѓоти илмиро касб мекарданд. Дар ин давра дар эљодиёти ў асарњои адабие ба вуљуд омаданд, ки аслан байни публисистика ва адабиёт ќарор мегиранд. Масалан ќиссаи саргузаштии «Мањмуд» давраи наврасии худи ў, њамсолонаш ва њамдењагонашро дарбар мегирад. Дар он муќоисаи солњову замонњо ва хислату рафторњо хеле равшан ва оњанги публисиcтї хеле гўё мебошад. Ин асари бадеї аз сиёсат холї нест.

Яке аз маќолањои публисистии дар ин давр навиштаи ў, ки зоњиран равияи публисистикаи сиёсиашро нишон дода метавонад, «Хуршеди олам» ном дорад. Ин маќола дар бораи аст ва дар бораи Шарќ аст. Шарќї будани ин маќола маро итминон медињад, ки фањм ва маќсади се шахсияти бузурги асри ХХ тољик устодон Садриддин Айнї, Бобољон Ѓафуров ва Мирзо Турсунзода дар муносибати Шарќу Ѓарб дар як мавќеъ ќарор доштанд, аз як мавќеъ сухан мегуфтанд, ки ин мавќеъ ба њамаи халќњои зањматкаш азизу мўътабар аст ва номи ин мавќеъро бо ибораи «Ѓамхори Шарќ» ва ё калимаи «Шарќпараст» ифода кардан мумкин мебуд. Месазад, ки дар таърихи замони Шўравї номи ин се намояндаи адабиёт илм ва сиёсати тољик дар сархати муњофизон ва мубаллиѓони Шарќ, натанњо Шарќи исломї, дар саросари идеологияи кули кишвар гузошта шавад. Мафњуми зањматкашони Шарќ мафњуми синфї не, балки мафњуми сиёсї гардида буд ва вай тамоми Шарќро ифода мекард, зеро Шарќ мењнаткаш буду Ѓарб истисморгар. Инро аз чунин суханони Бобољон Ѓафуров ба хубї пайдо карда мешавад:

«Замоне, ки субњи асри бистум нав медамид, сайёраи мо фољиаи сахтеро аз сар мегузаронд. Ба воситаи Љабалутториќ ва Босфор, сањрои Сибир ва ќаторкўњњои Њимолай хати сиёњи сарњаде мегузашт, ки инсониятро ба ду ќисми нобаробар ба халќњои ѓалом ва халќњои њукмрон људо мекард. Халќњои Њиндустон ва Сейлон, Индонезия ва Хитой, Нигерия ва Миср, Марокаш ва Судонро истибдоди метрополияњо бўѓї мекард. Шоири маддоњи љангњои мустамликахоњї Редярд Киплинг дар сурудњои худ «Инсони сафедрўст»-ро, ки љангалзорњои сарзамини Африка ва Осиёро забт мекунад, васф мекард. Номњои љаллодони халќњои Шарќ - генералњои мустамликахоњ ва банкирњои чашмгурсна шўњратманд гашта буданд.

Мамлакатњои бузурге, ки мустамликаи капитал гашта буданд, гўё абадулабад аз сањифаи таърих хат зада шуда ва он таъсири пурзўреро, ки як ваќтњо дар тамаддуни инсоният доштанд, гум карда буданд. Халќњои Шарќ, ки достони «Ромаяна», ва наќшу нигори Эллора, ањромњои азими Миср ва маъбадњои Бирма, назми Њофиз ва Хайём, Ло Бо ва Ду Фу, асарњои тиббии Ибни Сино ва кашфиёти мунаљљим Улуѓбекро офаридаанд гўё ба ѓуломони њалќабаргўше мубаддал шуда буданд, ки мењнати онњо банкњои Лондон ва Петербург, Париж ва Брюсел, Мадрид ва Нйю-Йоркро бо зари сурх пур мекард.»

Воќеан чунин буд халќњои фарњангофарида ѓуломони бегонагон шуда буданд. Њатто кишварњое чун Чин ва Њиндустон, ки ањолии алоњидаи њар кадомаш аз маљмўи ањолии мамлакатњои истисморгар - кулли Европа маротибањо зиёдтар буд, дар асорат мањв мешуданд. Европоињо сол ба сол бо моли ба яѓмобурдаашон бойтар ва тавонотар, љангитар ва маданитар мешуданд ва мамлакатњои ѓоратшуда ва ѓоратшавандаи Шарќ сол ба сол ќашшоќтар, нотавонтар, маѓлубтар ва вањшимонандтар мешуданд. Гўё ин амри таърих буд ва гўё аз ин шароити фољиабор илољ ва имкони баромадан вуљуд надошт ва мутаассифона халќи Шарќ аз доро то нодор ба ин сарнавишт унс мегирифт. Аммо онњоро аз хоб бедор ва аз ин ночорї рањо кардан зарур буд. Бобољон Гафуров озодии мардуми Шарќро дар идеяњои Ленин мебинанд:

«Ана дар њамин замони дањшатангез аз Россияи подшоњї, ки он ваќт «зиндони халќњо» буд, ба тамоми олам овози пурзўр ва возењи доњии революсияи сосиалистї - Владимир Илич Ленин баланд шуд. Ѓояњои Ленин ба тамоми ќитъањои рўи замин пањн гашта ва дар дили одамон сахт љой гирифта, ба ояндаашон умед ва дар муборизашон илњом мебахшид.

Дар он рўзњое, ки мустамликадорон тантана мекарданд, Ленин тезисњои худро дар бораи њалокати мустамликадорї ба таври илмї исбот карда буд. Дар њамин асос Ленин ба назарияи «сукут» ва «таназзули њатмї»-и Шарќ назарияи худро муќобил гузошта, дар «тавозўни» он нисбат ба империализм ѓазаб ва нафрат, дар «беошўбї»-и он - ба вуќўоии он тўфони оташин, дар «бепарвоияш» - кори нињонї, вале бузурги ќуввањои эљодиро медид.»

Бобољон Ѓафуров барои исботи муносибати Ленин ба Шарќ чунин мисолњоро мушуморад:

1. Феврали соли 1920 ў ба саволи мухбири рўзномаи америкоии «Нйю - Йорк ивнинг љорнал» љавоб дода, аз љумла мегўяд : « Он чизе, ки нисбат ба Европа гуфтем, ба Осиё њам дахл дорад: мо бо халќњо, бо коргарон ва дењќонони њамаи мамлакатњое, ки ба њаёти нав ќадам монда истодаанд, осоишта зиндагї кардан мехоњем».

2. Принсипи Ленинии озодї ва истиќлолияти халќњои Шарќ дар «Деклоратсияи њуќуќи халќњои Россия», дар Мурољиатномаи совети Комиссарони халќ «Ба њамаи мењнаткашони мусулмони Россия ва Шарќ» ва дар нахустин Шартномањои баробарњуќуќ дар таърихи халќњои Шарќ – шартномањои СССР бо Афѓонистон, Эрон ва Туркия ифода меёбад.

3. Ба њар халќ бояд озодии пурраи сиёсї ва њуќуќи худмуайянкунї дода шавад.

Бобољон Ѓафуров дар ин маќолаашон, ки равияи таблиѓотї дорад, таъкид мекунад ва мисол меорад, ки чунин андеша ва муносибати давлати Шўравї ба мамлакатњои Шарќ, ки аз он андешаи ў маншаъ мегирифт, дили халќњои Шарќро ба худ љалб мекард. Инро дар чунин мисолњо мебинем:

-Љавоњирлол Нењру дар китоби худ «Кашфи Њиндустон» дар бораи Ленин менависад: миллионњо одамон ўро наљотдињандаи худ ва бузургтарин одами замона мешуморанд.

-Албаётї, шоири Ироќ мегўяд: «Овози Ленин мисли садои нањри кўњї тоза ва буррост. Ў оламро мисли офтоб мунаввар мекунад.»

Дар маќола чунин аќидањо бо ифтихор ба андешањое муќобил гузошта мешаванд, ки бар муќобили истисморгарон гуфта шудаанд. Дутои онро аз маќола айнан наќл мекунам:

«Мардуми Шарќ одатан дар њангоми сўњбат бештар ваќт образњои афсонањои ќадими худро ба ёд меоранд. Ман дар хотир дорам, ки соли 1930, дар мурофиаи сиёсии машњури Бандунг яке аз судшавандагон инженери љавон Сукарно, ки њоло Президенти Индонезия мебошад, мустамликадорони асри ХХ-ро ба олињаи њариси замони Махакала, ки њама чизро мехўрду хуни одамиро мемакид, шабоњат дода буд.» Воќеан мавќеаш аст, зикр кунем, ки дар ин бора Бобољон Ѓафуров маќолаи махсусе чоп карда буд.

Дигар. «Ба ёди ман сухани пешвои Гвинеяи озод Секу Тура мерасад, ки ба муносибати аз тарафи њукумати Франсия дар ватани ў зўран ќабул кунонидани лоињаи Конститутсия гуфта буд. Секу Тура дар нутќи аљоиби худ дар конференсияи партияи демократии Гвинея соли 1958 чунин изњор кардааст: «То ин дам мо «Оре, хўљаин!, Бале, Хўљаин!» мегуфтем. Лекин акнун «Не. Хўљаин!» мегўем».

Ин маќолаи Бобољон Ѓафуров, ки дар «Садои Шарќ» соли 1960 чоп шудааст, албатта, барои замони худ мавзўяш ом аст. Аммо ин маќолаи академик аст, бо бурњонњояш бо устуворї ва пайдарпаии аќидањояш, бо мисолњояш ва ин аќида ва маќолаи шахсияти бузург ва фаъоли сиёсии замон аст, бо ашхосе, ки ёд кардааст, иќтибос овардааст. Маќола аст, аммо бо образњои шоирона, ки онро зебо ва хоно кардаанд. Дар њоли хондан ва тањлили ин маќола бори дигар ба он мўътаќид шудам, ки тамоми умр устод ба аќидаи марксистї устувор будааст ва ў боварї дошт, ки њамин назария халќи тољикро ба озодї расонд, маданияти ќадимаашро баргардонд ва бисёр халќњои Шарќро ба истиќлол расонд. Воќеан, агар пирўзии аќидаи марксистї намешуд, оё сарнавишти давлатњои мустамлика, давлатњои маданияти ќадима чї гуна мешуд? Мисли аборегенњои ИМА ва Сибири Россия? Оё њамин мустамдикадорї набуд, ки ќабилањои арабро ба давлатњои гуногуни таќрибан душману њарифи якдигар табдил дод? Фикри дар маќола њимояшуда касро ба чунин андешањо мебарад.

На танњо дар маќолањо, балки дар навиштањои марбут ба жанрњои дигар, аз љумла дар очеркњои сафарии ў низ мавзўи маданияти Шарќ, мавзуи озодии Шарќ мавеи муњим дорад. Ин нуктаро муњаќќиќи тољик Ш. Саидљаъфаров дар китоби дастаљамъии «Академик Бобољон Ѓафуров ва тањќиќи таърих ва тамаддуни мардумони Осиёи Марказї» чунин ќайд кардааст:

«Бобољон Ѓафуров ба маънои томи ин сухан аз эљодкорони нав буд, ки мањз дар шароити сосиализм ташаккул ёфта, дар навиштањои худ љињатњои пурќувват, пасту баландињои умуман љомеаи љањонї ва алалхусус, љомеаи замони худро инъикос намудааст. Сањмгирии вай дар таќвияти њаќиќати бадеї, рўњшиносии инсон, ѓиновати шаклї ва жанрии сафарнома сазовори он аст, ки ўро ба сифати нависандаи ќолабшикане-тозанигор ва ибтидокори як тамоюли услубї - услуби реализми психологии серсадо, ки ба интиќоди созанда ва публисистикаи тезутунд омехта, гўшзад кардан мумкин аст, тавсиф кунем». (сањ.11).

Тамоми сафарномањои Бобољон аз воќеияти мўњимтарини замонаш ва дигаргунињои аќлношунид, вале ќонунии њаёт, тарзи зисту зиндагї, урфу одат одоб, мењнату маишат, диди сиёсї ва муборизоти сиёсии халќњо бар меояд.

Устод барои он ки ин мавзўро дар мисолњои амиќ гуфта ва бовар кунонида тавонад, онро аввал пурра ва њамтарафа меомўхт, бо гузаштаи таърихї ва њаќиќати илмї муќоиса мекард, вакте бовариаш ќавї шуд, сонї менавишт. Масалан очерки «Дар сарзамини мењмоннавози Тунис» пас аз сафари дуввум ба ин мамлакат навишта шудааст. Ин очерк бештар ба масоили авзои сиёсї дахл мекунад. Дигаргунињои сиёсї ва иљтимоии ин кишвар, ки нав рў ба озодї овардааст, хеле моњирона тасвир мешаванд. Аслан њамин чиз маќсади навишта шудани очеркро ташкид медињад. Мавзўъ забони асаррро низ муайян мекунад, азбаски хислати мавзўъ сиёсї аст, забонаш њам хело сода ва дар айни замон аз бадеият озод аст. Мафњумњое кор гирифта шудаанд, ки фањми мавзўро осон мекунанд. Муаллиф дар заминаи дигургунињои ин кишвар, ки дар давраи байни ду сафараш ба амал омадаанд, дар асоси бардоштояш аз сўњбатњо бо Президенти кишвар ва вазирон, дар асоси дарки он ки мардуми сарзамин баъди истиклолияташон аз мустамликаи аврупоиён ба чи пешравињои маънавї ва иќтисодї муяссар гардидаанд, дар бораи ин кишвари дорои «таърихи њазорсолањо», оид ба ин мамлакати зебо сухан мегўяд. Албатта, очерк аз мавќеи сиёсии Бобољон Ѓафуров - фиристодаи мамлакати сосиалистї, сарпарасти њаракати сулњи шўравї вокеањоро мефањмонад ва арзёбї мекунад. Зерсарлавњањои очерк - «Мо ба сўи пирўзї меравем», «Тунисињо ташаббусњои сулњхоњонаи шўравиро пуштибонї мекунанд», «Бигузор дўстии мо гул-гул шукуфад» худ далели онанд, ки мавзўъ чї гуна ва ба чї тариќ баррасї мешавад.

Очерки мазкур симои сиёсии муаллифро аз он нигоњ бозгўї мекунад, ки вай инсондўст, озодихоњ, Шарќпарвар ва њаќиќатнигор аст. Ў аз пояе сухан мегўяд, ки бузургии кишвараш, тантанаи миллаташ ва ифтихори миллиашро бозгў менамояд. Чунин мавќеи нигоранда барои бовар кунондани хонандааш, барои вазндор шудани суханаш имконият медињад.

Дар очеркњои сафарї њам, сарфи назар аз риояи талаботи ин жанр, яъне навиштан дар бораи он чи дар њангоми сафар дида ва шинохта шуд ва њар чизи дидаро дар чорчўби баёни пулисистию бадеї ифода кардан, Бобољон Ѓафуров њамеша ба шахсияти эљодии худ - олими сиёсатмадор, олими Шарќшинос. њомии системаи сотсиалистї, мубаллиѓи сулњ ва дўстї пойдор мемонад. Ў наметавонад. фикри худро нагўяд, ў наметавонад таърихро варак назанад, ў наметавонад хондаашро бо дидааш муќоиса накунад. Ин сифати шахсии касбии вай навиштањояшро муассир ва суханонашро бовардињанда ва њаќиќаташро пойдор мекунад. Барои фањми бештари ин мавзўъ очерки «Дар љазирањои Филиппин»-ро мулоњиза мекунем.

Очерк жанри публисистї аст. Публисистикаи очерки зикргардида дар он зоњир мешавад, ки вай дар бораи воќеањое навишта шудааст, ки муаллиф дидааст, яъне ин бардоштест аз сафари Филиппин, пеш аз њама аз дидањо дар Манила, пойтахти ин мамлакат. Ин публисистика аст, зеро нигоранда хонандаро бовар кунонидан мехохад, ки солњо ва ќарнњо яѓмогарони Ѓарб дар мисоли Португалия ва ИМА ин мамлакатро истисмор карданд, боигариашро ба яѓмо бурданд ва халкашро чун ѓулом кор фармуданд. Ин публисистика аст, зеро муаллиф дар заминаи дида ва дарки худ ба хонанда таъсир расондан мехоњад, то вай ба њаракат ояд, мубориза кунад, агар хонандаи филиппинист донад, ки роњи наљот танњо дар худшиносист ва агар ин хонандаи шўравист, эњсос кунад, ки бо ин кишвару ин халќ дўстї ва њамкорї бояд кард. Дар ин замина мо мефањмем, ки «Таърихи Филиппин аз замоне, ки ин архипелагро конкистадорони (истилогарон) европої «кашф» карданд, солномаи муборизаи фанонашаванда барои истиќлолияти миллї мебошад. Ба назар мерасад, ки осмони Филиппин бо хуни њазорњо-њазор писару духтаронаш, ки дар майдони муњорибањо бо яѓмогарони бадхашм ва берањм ќурбон шудаанд, рангин гардидааст.

Бо нияти дар бардагї нигох доштани мардуми Филиппин мустамликадорон кўшиданд, њатто хотираи маданияти кадимаашонро аз ёдашон бубуранд. Аммо агар ба монархњои испанї муяссар шуда бошад, ки тамоми ёдгорињои хаттии адабї ва таърихиро сўзонанд, аммо ба њар њол натавонистанд халќро рўњан шикананд, ин аз ќудрати онњо берун буд.»

Дар мавќеи дигар публисист дар бораи боигарињои табиї, имкониятњои моддиву маданї, шароити ќулайи географии кишвар сухан ронда, њайрон мешавад: «Пас дар ин холат сабаб чист, ки сатњи зиндагии мардум дар ин кишвари бой ќариб пасттарин дар байни тамоми кишварњои олам аст? Чаро даромади солона ба њар сари ањолї дар Филиппин дањњо маротиба пасттар аз Вилоятњои Муттањидаи Амрико - соњиби собиќи ин кишвар аст?

«Мустамликадорї!» - филиппинињо ба савол њамин тавр содаву фањмо љавоб медињанд. То имрўз њам дар кишвар корчалонњои Амрикої хољагидорї мекунанд».

Барои пуркувват кардани фикри худ муаллиф мисоли дигаре меорад: ба наздикї сардори штаби Армияи Филиппин Мануэл Кобал гуфтааст, ки мушовирони њарбии амрикої «хунхоранд» ва талаб кардааст, ки бо авваллин киштї онњо ба кишварашон баргардонда шаванд.

Чунин рўњия – истисмор шудан, горат гардидан, бенавої ва бењуќуќии халќи Филиппин саросари очеркро ифода мекунад ва пафоси публисистии асар низ аз он вобаста аст.

Очерк натанњо жанри публисистї, балки њамчунон жанри адабї њам аст. Яъне ин ду унсур дар якљоягї ин жанрро мустаќил мекунанд. Бадеияти очерк сохта не, балки тасвиру баёни вокеият, мањдуд дар воќеият аст. Сухани зебо пуркунандаи асосии публисистии очерк аст. Аз ин њунар Бобољон Ѓафуров хеле моњирона, шоирона истифода мебаранд. Барои фањми ин дар тањрири худи муаллиф дар забони асл чанд мисол меорам то дида шавад, ки чї гуна тасвир, чї хел ташбењ ва чи љумлањои зебо доранд:

«К востоку от островов Самар и Минданао узенький, слегка изогнутой лентой тянется знаменитая Филиппинская впадина - самая глубоководная в Тихом океане. Любовь тагалобов, висайя, илокан и других народностей Филиппин к своей родине так же глубока, как и бездонная морская пучина этой впадины.»

Љои дигар мехонем «Великий сын Филиппинского народа поэт Хосе Рисал подарил своему отечеству романтическое название «Жемчужина южных морей». Трудно подобрать слова, которые лучше передовали бы пленительный облик природы архипелага Филиппин.»

Дар очерки мазкур чунин тасвири нихоят зеборо низ мебинем «По вечерам, когда огромный шар солнечного диска уходит за горизонт, багровые отблески отражаются на гребне могучих океанских валов, открашивают в пурпур курчавые вершины пальм и буйную темно-зеленную листву тропиков».

Бобољон Ѓафуров дар ин очерк чунин суханпардозињо низ доранд: «Так пробил двенадцатый час жестоких и алчных чужоземцев на филиппинской земле… Недра Филиппин - сказочная кладовая, в которой можно найти золото, серебро, медь, хром, марганец, железо, сырьё для атомной промыщленности - уран». Ин гуна тасвиру мафњумњо, иборањо гувоњї медињанд, ки академик Ѓафуров илњом ва баёни шоирона дошт, онро дар њарду забон - модариаш - тољикї ва кориаш - русї устодана истифода мебурд. Ин ифодањои ёдшударо на њар нависандаи рус кор фармуда метавонад, зеро онњо моњиятан тољикона ва шоиронаанд, кайфияту лаззати тољикона доранд ва танњо ба забони русї ифода шудаанду бас.

Бадеияти ин очерк натанњо ба тасвиру каломи зебо, балки њамчунин ба як силсила портретњои шахсиятњо, ки тавасути онњо муаллиф вуљуди Филиппинро ошкор намуда, њаќиќати онро мешиносонад, низ устувор аст.

Дар ин очерк низ Бобољон Ѓафуров ба њаќиќати худ устувор аст - ќисми зиёди очерк дар бораи фарњанг - анъанањои миллї, адабиёт ва санъат, илм ва одатхо бахшида шудааст Нависанда ба ин васила рўњияи миллиро бењтар кушода ва муборизаи миллиро накўтар нишон дода метавонад.

Очеркњои сафарии Бобољон Ѓафуров симои алломаро ба хайси эљодкори мумтоз, доно, равонкилк ва њаќиќатбин бењтар нишон дода метавонанд.

Сиёсат хати мањаки њамаи навиштањои публисистии ўст, зеро устод амалан тамоми умр ба сиёсат машѓул будааст. Масалан, дар ду сафарнома - «Дар сарзамини мењмоннавози Тунис» (1959) ва «Дар љазирањои Филиппин» (1960) муаллиф њамчун шахсияти сиёсие таборуз мекунад, ки ба њаёти мардуми ин кишварњо аз баландињои сиёсї ва иљтимоии мамлакати худ менигарад, зиндагї, фарњанг ва иљтимоиёти онњоро ѓамхорона тањлил мекунад Барои вай мамлакатњои Шарќ њамчун љузъи басо мўњими сарнавишти худаш азизу муќаддас аст. Масалан, ёдгорињои таърихии Тунис њамчун љузъи фарњанги исломиаш, зиндагиву рўзгор ва маишати он рўз, њамчун мавзуи ошнову ба андешабаранда инъикос меёбад.

Маќолањои «К прошломе нет возврата» ( «Правда», 1959), «Солнце над планетой» («Комсомольская правда», 1960), «Освободительное движение и интернационал» («Культура и жизнь», 1964) дар хусуси бедоршавии Шарќи мазлум, ќавишавии њаракати озодихоњии халќњои Шарќ, пурќувватшавии дунёи сеюм навишта шудаанд. Ин маќолањо натанњо фикри як олим, ё як сиёсатмадори одианд, балки онњо мањсули дида ва тањлили як сиёсатмадоре мебошанд, ки зодаи Шарќ аст, сарнавишти Шарќ барояш азиз аст, муборизи роњи озодии мардуми Шарќ - яке аз пешоњангони чунин мубориза мебошад. Сухани навишта ва гуфтааш дар ин бобат бетаъсир нест. Ин овоз барои сулњу дўстї ва алайњи љанг аст. Ва њатто номи яке аз маќолањош «Шабањи дањшатангези љангро биронем» њамчун шиор, њамчун даъват барои њамдилї садо медињад

Сухани сиёсии публисист Бобољон Гаферов танњо ањамияти тољикона не, танњо ќурби муњити шўравї не, балки эътибори азими байналмилалї доранд, онро мешунаванд ва ба эътибор мегиранд. Барои њамин њам вай дар мўътабартарин нашрияњои сиёсї ва назариявии шўравї маќолањое чоп мекунад, ки онро нашрияњои кишварњои хориљї низ гирифта, тарљума карда ба нашр мерасонанд. Яке аз чунин маќолањои устод маќолаи «Мир, независимость, социализм» мебошад, ки моњи ноябри соли 1963 чоп шудааст ва он масъалањои назариявии ин мавзуро бо дониши мустањками илмию назариявии соња ва бо истифода аз таљрибаи зиндагї баён менамояд. Хонандаи чунин маќолањо њама нестанд, аммо онњо дар доираи ањолии як кишвар ва ё як миллат (халќ) мањдуд намемонанд. Онњо хонандагони баландмаориф ва амалкунанда доранд, мавзўъ ва пешнињодњои ин гуна маќолањоро танњо олимон ва сиёсатмадорони људогона не, муассисањои илмию сиёсї меомўзанд. Худи он ки «Ѓафуров чунин аќида дорад» барои ин гурўњи хонандагон ва муњаќќиќон чи арзишеро ќоил аст. Мо ифтихори онро дорем, ки сиёсат, илм ва публисистикаи тољик чунин шахсиятро дошт. Ин одам, ки олами сиёсиву илмии дунё суханашро мешунид, тавонист, ки бо он доира халќашро ба симои љозибу диданї муаррифї намояд.

Ба тањлили маќолањои байналхалќї мавзўи Осиёи Миёна низ кашида мешавад. Масалан, маќолањое, ки ба номи «Средняя Азия, год 1967» дар маљаллаи «Наука и жизнь» чоп шудааст, зимни тањлили воќеањои оддии пешрафтњо дар зарфи 1 сол, таърихи пурифтихори миллат ва кишвар, таззодњо ва намунањои он тањлил мешавад.

Сифату кайфияти маќолањои илмию публитсистии ў «Фирдавсї - слава и гордость мировой культуры» (Москва, 1972), «Амир Хусрав Дехлави и его поэма «Восемь райских садов» («Художественная литература», М., 1957), ва «Великий поет Востока Мухамад Икбол» («Век ХХ и мир». 1977, №11) нињоят баланд аст. Дар онњо Бобољон Ѓафуров танњо муњаќќиќ нест. Ба тањќиќи хаёту рўзгор ва осори ин шахсиятњо дар љањон олимони зиёде машѓуланд. Вале дар маќолањои зикргардида Бобољон Ѓафуров пеш аз њама њамчун мубаллиѓ ва муарификунандаи онњо таборуз мекунад. Ў олим, нависанда ва публисисте аст, ки суханаш вазн дорад, ба гуфтањои ў бовар мекунанд ва њидоят мешаванд. Ў ба Фирдавсї, ба ин адиби љањонином њамчун ба фарзанди миллати худ - тољик менигарад ва мешиносонад, ў Амир Хусравро њамчун як тан аз намояндагони адабиёти оламшумули тољик муаррифї мекунад ва неруи муборизии Иќболро, ки Шарќи хобидаро бедор мекард, васф мекунад. Барои мисол маќолаи ў дар бораи Муњаммад Иќболро мегирем. Ин маќола њаљман хурд аст, аммо дар он масъалањои умдае тарњ мешаванд. Ў бузургии Иќболро дар чунин ќиёс иброз медорад, ки «њамзамон бо Тагор - шахсияти бузургтарини таърихи адабиёти Шарќи нимаи аввали асри ХХ эљодиёти Иќбол низ барои мардуми Њинд, Покистон ва Бангладеш ифтихори муштарак мебошад.

Дар замони мубориза барои истиќлолияти Њиндустон ашъори Иќбол дар воќеият ба сурудњои халќї мубаддал шуданд, зеро онњо њовии кўшишњои воќеї ва омолу орзуи миллат буданд».Воќеан бояд бузургии андешаи устодро дар маврид бо ин њам таъкид кардан имкон дорад, ки дар талошњои сиёсии Тољикистони аввали солњои навадуми ќарни бист њам ашъори Иќбол шеър ва суруди майдоннишинон буд.

Дар маќола њамчунон зикр мешавад, ки Иќбол чун мутафаккир ва шоир рўњияи инќилобии андешањои аврупоиро самимона ќадр мекард ва дар эљодиёташ борњо бо эњтиром аз Гете, Петефи, Эйнштейн, Толстой, Гегел, Маркс ва Ленин ёд кардааст. Ў гаштаю баргашта дар он бора менавист, ки дар аќидаи инсондўстии Шарќу Ѓарб монеаи бартарафнашаванда мављуд нест. Ва ба андешаи Бобољон Ѓафуров, «ин аќидаи маорифпарваронаи Иќбол ба тамоми љараёни инкишофи адабиёти урду таъсири амиќ дошт.»

Муаллифи маќола ба афкори башардўстона ин адиби мумтоз, ба хислати олии инсониаш, ки дар ашъораш низ таљассум ёфтаанд, боварии ќавї дошт, ки менависад: «Иќбол борњо мансубияти худро ба ислом, мењри худро ба зодгоњаш - Панљоб, ки ќисми зиёди умрашро дар он љо ба сар бурдааст, таъкид кардааст, борњо решаи њиндуї доштани аљдодашро зикр кардааст. Аммо барои ў њамеша вањдати азалии инсоният аз тафовутњое, ки ба иллати ирќ, шуѓл ва дин пеш меоянд, бартарї дошт. Иќбол образи инсони мукаммал ва эљодкорреро офарид, ки барои баробарї, адолати иљтимої ва хушбахтии тамоми одамон мубориза мебарад…

Вале њангоме сухан аз иртиљо, зулм ва миллатчигї ва шовинизм меравад, садои ў меларзад. Иќбол миллатчигии буржуазиро чашми дидан надошт ва инсонро болотар аз њар чиз медонист. Ў мегуфт «аввал одам бояд буд ва сонї афѓон ё турк.»

Бобољон Ѓафуров њатман дар маќолањояш аз миллат ва Ватан ёдоварї мекунанд, яъне Иќбол имкон медињад боз як бор тољику Тољикистонро ёд кунанд.

Ваќте доктори фалсафа Иќбол дар соли 1908 аз тањсил дар Аврупо ба Лоњур баргашт, љомеаи Њинд ўро чун умеди адабиёти урду пешвоз гирифт. Дар тўли чанд сол чун шоири дар саросари Њиндустон машњур вай натанњо ин умедро ба таври аъло воќеї кард, балки чун шоири баруманди форсизабон, давомдињандаи анъанањои адибиёти форсизабони Њиндустон, ки ба љањон Амир Хусрав, Файзї, Урфї, Бедил ва Ѓолибро додааст, ба ин анъанаи дар охири ќарни Х1Х хомўшшуда шўњрати гузаштаашро бозгардонд ва ба ин васила доираи аудиторияи худро хеле густариш дод, зеро шеър дар ин забон барои мардуми Ирон, Тољикистон ва Афгонистон фањмост.» Ва муаллифи маќола зикр мекунад, ки «дар Тољикистон назми Иќбол ќисми таркибии мероси мадании хадќи тољик мањсуб мешавад.»

Маќолаи мазкур, дар мавзўе навишта шудааст, ки бояд хислати тањќиќї касб мекард. Аммо Бобољон Ѓафурав онро дар шакле навиштааст, ки шеърро мемонад. Самимї, сода ва гўё. Маќола дар як нафас хонда мешавад, тавре ки шеър. Ин аз ихлоси баланди муаллиф ба шоир ва аз истеъдоди худододи вай гувоњї медињад. Кам аст дар публисистикаи Бобољон Ѓафуров асарњое, ки бо чунин самимияте навишта шуда бошанд. Яке аз сабабњои дигаре њам, ки ўро ба чунин тарзи тањрир во доштааст, шояд он бошад, ки орзуи сарбаландии миллат, вањдати миллї ва рањої аз парокандагї аз орзуњои азалї ва муќаддаси вай будааст. Бузургии ин њарду - муаллиф ва ќањрамон дар як мавзўъ ва маъно омадааст.

љои зикр аст, маќолањои љашнии Бобољон Ѓафуров хислати илмию публисистї доранд, онњо тањќиќоте мебошанд, ки бинобар зарурати имрўза анљом дода шудаанд. Маъмулан гирандаи аввалини онњо аудиторияи зинда аст, яъне онњо рў ба рў гуфта мешаванд. Дар ин њолат исботњо ва иќтибосњои илмї камтар лозим мешаванд. Дар ин њолат сухане лозим аст, ки гўш кунанд, фањманд ва ў ќабул кунанд. Ин тарзи баёни публисистиро таќозо мекунад. Мутаассифона, чунин публисистика то имрўз умуман, аз љумла публисистикаи устод Бобољон Ѓафуров омўхта нашудааст.

ДАР ХОТИМАИ КИТОБ

Бобољон Ѓафуров ба таърихи миллати тољик ва давлатдории Тољикистон њамчун як шахси донову тавоно дохил шудааст, ки аз њамаи василаи давлатдорї барои таблиѓи миллат ва Ватанаш истифода намудааст. Ба аќидаи А Пўлодов «Бобољон Ѓафуров ин ќонунмандии диалектикии аз миќдор ба сифат гузаштан не, балки одами паёмбарсон ва мантиќи ќавї дошта, зарурати хоси табиї, ки онро халќ «худодод» мегўяд» (с.5). Ў аз 16 солагиаш сар карда, ба матбуот пайванд дошт. Ў барои дигарон зист, аз ин сабаб бо мењр «Аллома» гуфтандаш. ў барои обрўву эътибори тољикон хизмат кард ва мењнаташ дар чорчўби њавлии тољикона намонда, маќоми љањонї пайдо кард, бинобар ин Ќањрамони Тољикистон гуфтандаш. Ин ном дар таърих абадист ва танњо ва танњо бо Тољикистон, танњо бо илм, танњо бо журналистика махдуд намемонад.

Интернасионализми Бобољон Ѓафуров дар журналистика аз одитарин навиштаи инсондўстона, дар нашрияи камнуфусе оѓоз ёфта, ба бузургтарин идеалњои умумиинсонї дар пурнуфустарин нашрияњои љањонї наќш ёфтааст. Дар асри бист њељ Тољикистоние, тољике набуд, ки ба ин вусъат дар матбуоти байналхалќї навиштањояш, сўњбатњояш, гуфтањояш, китобњояш нашр шуда бошанд. Китоби илмиаш «Тољикон» хусусияти таъсири амиќи публисистию сиёсї касб кард. Соли 1972 њангоми муарифии он дар Ашќобод онњое, ки ба неруи сиёсї, њаќиќати илмии китоб ва мањорати касбии муаллифи он тоб наоварданд, маљлисро тарк карданд ва баъди дањ сол ваќте ин китоб дар Афѓонистон ба забони дарї ба чоп расид, мухолифонаш шадидан дар роњи нобуд кардани он шуданд, аммо њаќиќати онро рад карда натавониста, шармандавор сари таслим фуруд оварданд.

Соли 1982 устод Муњаммад Осимї ба Кобул нусхаи навчопи тољикии «Тољикон»ро тўњфа оварданд. Мо тасмим гирифтем онро ба забони дарї бо хати арабї баргардон намоем. Ин корро муаррихи шинохтаи Афѓонистон Љалолиддин Сиддиќї ба ўњда гирифт. Чун вай расми хати тољикиро намедонист, тарљумони гурўњи мо Равшан Рањмонов матнро аз тољикї мехонд ва Сиддиќї менавишт Албатта, барои вай лозим меомад, ки баъзе мафњумњо ва иборањоро ба истилоњоти дар дарї ќабулшуда мувофиќ намояд. Мо сари чанд ваќт якљоя љамъ шуда, мушкилињои пешомадаро њал мекардем ва дар ин ваќт Кароматулло Олимов амалан ёрї мерасониданд. Албатта, зањмати асосї бар дўши устод Сиддиќї ва Равшан буд. Тамоми зимистони сард онњо ба ин кор машѓул буданд. Ваќте китоб омода шуд, мо бо дастгирии олимони кафедраи журналистика Козим Оњанг ва Расул Рањин онро дар матбааи Пуњантуни Кобул чоп ва бо кўмаки донишљўёни ихтисоси журналистика муќова бастем. Вале ин китоб баъзе олимони шовинистро нороњат кард ва барои мо муддате лозим омад, ки китобро то ба Бабрак Кормал расонем ва иљозаи пањнкарданаш расад. Кормал нашри «китоби олим ва давлатдори бузурги замон- Бобољон Ѓафуров»-ро хуш пазируфт.

Бобољон Ѓафуров аз устодони бузург Садриддин Айниву Абулќосим Лоњутї омўхт, њамроњи Мирзо Турсунзода њамчун роњнамо ва пуштибон барои сулњу дўстии халќњои љањон, пеш аз њама бедории Шарќ мубориза бурд, эчодкоронеро чун Сотим Улуѓзода, Ањрор Мухторов, Абдуќодир Маниёзов, Мўъмин Ќаноат, Лоиќ ва Бозор Собир дар њимояти сарнавишти тољикон дастгир ва илњомбахш шуд. Бояд дар назар дошт, ки нафаќат «Тољикон» мубаллиѓи мо буд, балки пеш аз њама муаллифи он пуштупаноњи миллати мо ва намояндагони наврустаи маданияти миллии мо буд. Илм, сиёсат, публисистика ва адабиёти бадеии Бобољон Ѓафуров њама одї, самимї ва њаќиќат буданд. Аксарияти кулли онњо аз њаёти тољикон ва Тољикистон буданд Устод дар публисистика аз љумла зикр намудааст, ки њељ чизе барои ў баландтар аз миллаташ ва Ватанаш нест.

Ў шахсияти љањонї буд, чун он шахсиятњое, ки перомунашон сухан гуфтаву навиштааст. Бинобар ин миллат аз ў ифтихор дорад.

Ва дар нињоят, тањрири ин рисола соли 2008 оѓоз шуда, дар соли 2010 ба анљом расид. Дар ин миён донишмандони Институти Шарќшиносии Россия ба муносибати садсолагии устод ба номи «Академик Бободжан Гафуров» китобе нашр карданд, ки дар он бузургтарин шарќшиносон перомуни устод олитарин сифату суханњоро гуфта зикр намудаанд, ки ба институти мазкур, ки Бобољон Ѓафуров бештар аз бист сол сарварї кардааст, месазад номи ў гузошта шавад. Китоби мазкур дар Тољикистон камёб аст. Ман перомуни он таќризи муфассале навиштам, ки ќисме аз он дар рўзномаи «Вечерный Душанбе» ва маљмуаи илмии Донишгоњи славянии Тољикистону Россия чоп шудааст Шакли пурраи онро ба ин асар замима мекунам.

Ва охирин суханам дар фароварди ин асар њамин аст, ки соли 1973 бо кўмаки љиянашон Фаррух, ки низ аспирант буд, бо устод аввалин бор мулоќот кардам ва соли 1976 бо тавсияи он кас њамкорашон, олими бузург И. С Брагинский ба сифати оппоненти кори илмиям баромад кард.

Книга о человеке - эпохе, или мудреце и благородного

(«Академик Бободжан Гафуров» (к 100- летию со дня рождения»). - М.: Восточная литература. 2009 г.).

Размышление о публицистической политической и организаторской деятельности одного из основоположников таджикской советской политической публицистики академика Бободжана Гафурова связанное с воспоминаниями его соратников. Абдулмаджид Салимович Достиев – видный государственный деятель, политик и политолог 13 мая сего года в газете «Курьер Таджикистана» опубликовал статью, которая по содержанию изложенных фактов и коментарий к ним, по широте рассуждений и оценкам достойна любым политическим или научнополитическим изданиям мира. В статье затронут вопрос связанный с честью таджикского народа, таджикских ученых, таджикской науки. Автор громкогласно заявляет, «Таджикский народ не нуждается в чьих–то подарках в виде «истории.» Статья затрагивает вопросов самовольного истолкновении или вернее сказать искажение содержании слов академика АН РТ Бориса Анатольевича Литвинского по поводу Героя Таджикистана, руководившего более 20 лет Институтом востоковедение АН СССР, академика Бободжана Гафурова и его книги «Таджики» (первое издание 1972 г.) в одном из сайтов интернета.

Из за большого объема этот материал размещен на нескольких страницах:
1 2 3 4 5 6 7