Маќолаи мазкур як масъалаи дигарро барои мо рашан мекунад: дар замони љанги Бузурги Ватанї сарфи назар аз он ки тамоми имконоти моддї пеш аз њама ба манфиати фронт нигаронида шуда буд ва баъди ин масъалаи инкишофи истењсолот дар рўзнома меистод, аммо масъалаи тањсил ва тайёр кардани кадр њељ гоњ аз назар дур нарафтааст. Ин масъала баробари масъалањои дигари аввалдараља меистодааст. Он чиз муњим ба назар мерасад, ки Тољикистон дар масъалаи тайёр кардани кадрњо ба соњаи саноат таваљљўњи бештар дода, ба саноатикунонии мамлакат имтиёз медодааст. Ба гумонам, ин ягона роњи дурусти пешрафти минбаъдаи Тољикистон аст. Тољикистони саноатї, ки дар заминаи конњои бояш инкишоф ёфтанаш лозим аст, метавонад дар минтаќа обрў дошта бошад.
Публисистикаи алломаро ба чор давраи зерин таќсим кардан мумкин аст;
1. Публисистикаи то замони љанги Бузурги Ватанї. Дар ин давра ў бештар маќолањои иљтимої ва илмию таблиѓї менавишт. Дар онњо мавзўњои мубориза ба муќобили аќидањои бої-феодалї, ташкили рўзгори нав, фањмондани моњияти Конститутсияи Шўравї - Конститутсияи Сталинї, баробарњуќуќии занњо, ташкили кори таблиѓотчиён бартарї пайдо кардааст. Ин мавзуњо аз диди имрўз хело одї ва содалавњона менамоянд, аммо аз диди њафтод сол муќќадам онњо хело муњим ва актуалитарин мавзўъ ба њисоб мераванд ва њар кас ба он даст зада наметавонист ва ё аз даст задан метарсид. Дар бораи эътибори њамонваќтаи чунин матолиб академик А. Пулодов навиштааст:
«Велением судьбы впервые я познакомился с Бободжаном Гафуровым заочно. Это в середине тридцатых годов, когда я ещё был школьником. Б. Гафуров тогда часто публиковал статьи на страницах республиканской газеты «Тоджикистони сурх» и областной «Большевики Худжанд» под псевдонимом «Бободжон чулоќ» - «Храмой Бободжан». В связи с этим мне вспоминается забавная история.
В нашей школе учился старшеклассник по фамилии Гафуров, звали его также Бободжаном и при чем он также храмал на одну ногу. Как только в газетах появились статьи, подписанные означенным псевдонимом этот парень сказал сверстникам, что эти публикации – «творение его ума», Но все сомневались или удивлялись стол высокому таланту старшеклассника. И вот однажды учитель истории небезизвестный Абдугаффор Хасанов на уроке сказал, что эти корреспонденции на самом деле вышли из –под пера его талантливого ученика из Исписара Бободжана Гафурова. Когда была выяснена правда, юный автор – «плагиатор» был наказан бойкотом школьников.
Особое впечатление на нас, учеников, произвела статья Бободжана Гафурова, опубликованная на страницах газеты «Тоджикистони сурх» в 1938 году под названием «Таърихи Иди ќурбон» (История праздника жертвопринощение»). Статья знакомила с тончайщими нюансами истории известного мусульманского праздника, получившего свое начало еще от пророка Авраама. (Иброњима) Автор подробно и со знанием дело описал не только историю, но и все виды ритуалов праздника и в том числе, жертвоприношения, когда, в день праздника, состоятельные люды режут барана и часть его мяса раздают нуждающимся. Мне удиевило тонкое знание относительно ещё молодым корреспондентом религиозных ритуалов Я был заинтригован, ибо в те годы в советских школах преподавали сгубо светские науки, о какой либо религиозной информации и речи не могло быть А у этого корреспондента оказались такие богатые знания в области теологии. нравились, религиозных же фанатиков они даже радражали. И это послужило поводом для покущения с их стороны на жизь корреспондента. (. Академик Гафуров – гордость нации, факел знания. - Душанбе, Ирфон,1998. С.8-10)..
Воќеан, он гирудори сиёсие, ки имрўзњо дар љомеаи мо дар атрофи равияњо ва арзишњои динї давом доранд, моро во медоранд, ба он гузаштаи таърихамон љиддитар нигоњ кунем ва барои худ дарёбем ки чи њолатњои ногузири сиёсї дар заминаи он маќолањо нуњуфтаанд. Ногуфта намонад, ки Бобољон Ѓафуров њангоми навиштани ин маќолањо њам аз нигоњи синнусол ва њам аз нигоњи эљодї хеле љавон буд ва дар бисёр њолатњо ба дигарон такя мекард. Асоситарин хислаташ боварии том ба аќидае буд, ки дар борааш менавишт. Публисистикаи ин давраи вай хислати равшани сиёсии таблиѓотї ва њадафи таблиѓи марксизм ва донишњои илмї, намунаи таблиѓ дар муќобили таблиѓ будааст Муњаќќиќ С. Њайдаров яке аз вазифањо ё мавзўњои публисистикаи ин давраи эљодии устодро мавзўи Тољикистон меномад ва менависад, ки «аз як маќола то маќолаи дигар дар публисистикаи ў таѓйир ёфтан, бењтар шудани симои Тољикистон, аз зулми аморат то истиќлоли њаќиќї тасвир меёбад. Ва муаллиф њамватанонашро ба таќвияти ин пешрафт даъват мекунад» ( Њайдаров С. Автореферати дисс. с.11)
2. Публиситикаи замони љанги Бузурги Ватанї. Ин замони шаклгирї, пухташавї ва муайянгардии мавзўъњои асосии публисистикаи арбоби давлатї Бобољон Ѓафуров, замони амиќтар шудани равияи эљодии ў, мустањкам шудани заминањои илмии тањќиќоту таблиѓоташ, амиќ шудани мавзўи сарнавишти миллати тољик, њамчун њадафи асосии зиндагии Бобољон Ѓафуров мебошад. Њатто дар маќолањои оддитарини расмиаш, масалан дар «Тољикистон ба фронт» мавзўи миллї тарњ мешавад. Имрўзро ба мардум фањмонидан, њамватанонро бари њимояи Ватан ба по хезонидан, њам дар фронт ва њам дар аќибгоњ шуљоати шахсї ва ѓайрати ватанпарастиро вусъат додан - њаминњо буданд, маќсад ва равияи маќолањои ин давр. Номњои фарзандони содиќи халќи тољик, ки дар тули асрњо корномаашон фаромўш нашудааст - Кова, Рустам, Шерак, Спитамен, Муќаннаъ, Темурмалик, Восеъ дар ин маќолаву навиштањо њамчун рамзи ќањрамонї ва љовидонї садо медоданд. Асосњои илмиву таърихї њамчун василаи муайянкунандаи таъсирнокии ин навиштањо ањамият пайдо мекарданд. Дар ин замон маќолањои публисистии вай хусусияти маќолањои роњбарикунандаро пайдо карданд, зеро вазифаи давлатиаш ин вазнро барои онњо муњайё кард. Дар публисистикаи ў тамкин ва салобат, илм ва сиёсат таъсири сухан зиёдтар шуд. Худи миќдори навиштањои публисистї камтар шуданд, аммо дар суханронињо, фањмондадињињо таъсири публисистии суханаш афзоиш ёфт.
Албатта, каломи шафоии публисистї барои нишон додани таъсири сухан ва ањамияти сухан барои пешбурди љомеа ањамияти бузурге дорад ва аз соли 1940 ба баъд Бобољон Ѓафуров аз ин имкон васеъ истифода мебурд, гумон мекунам, ки мавзўъ тањќиќоти сарењ ва љиддиро нигарон аст.
3. Публисистикаи Бобољон Ѓафуров дар давраи эњёи баъдиљангї публисистикаи сиёсї буд. Ў дар ин давра кам менавишт, зеро масъулияти сиёсии давлатдориаш имконияташро њам аз нигоњи ваќт ва њам аз нигоњи масъулият мањдуд мекард. Аз ин нигоњ њатто фаъолияти ин давраинаи публисистии ўро ба гурўњи алоњида људо кардан душвор аст. Аммо ба назар гирем, ки матолиби ками навиштааш њам хеле љиддї ва омўзанда буданд ва чун асоснок буданд, мисли дастуре ба чашм мехўрданд, проблемањоро муайян мекарданд, вазифа мегузоштанд, ин давраи томи фаъолият мешавад. Боз зикр кардан лозим аст, ки Котиби аввали њизби коммунист барои ањли эљод мисли њамкасб, дўсту рафиќ буд. Аљиб аст, он њолати таърих, ки аксари роњбарон китоб нависанд. Аксари онњо касби китобнависї надоранд, аммо чун роњбар шуданд, китобнавис њам мешаванд. Шояд ин табиї бошад. Аммо китобнависии роњбарон ба ду сурат мебошад: яке худашон менависанд ва ё донистаашонро мегўянд, дигарон менависанд ва дигаре барои роњбарон дигарон менависанду онњо имзо мекунанд ва чунин роњбарон дар њамаи мавзўъ китоб менависанд. Бобољон Ѓафуров олим буд ва худаш китобу маќола менавишт. Роњбари давлат бештар маќолањои назариявї менавишт, бештар авзои иљтимоиву сиёсиро тањлил мекард. Ин тањлил олимвор, адибвор буд. Барои дарки мавзўъ яке аз маќолањои асосии ин давр навиштаи ў «Дар бораи баъзе аз масъалањои тараќќиёти маданият ва фан»-ро, ки дар се шумораи рўзномаи «Тољикистони сурх» моњи июли соли 1945 чоп шудааст, тањлил мекунем. Ин маќола аслан маќолаи таблиѓотї аст. Аммо азбаски ба он котиби КМ ЊК Тољикистон имзо кардааст, хислати маќолаи директивиро касб кардааст. Маќола масълагузорињои сарењ дорад ва он хислати консептуалї низ пайдо карда аст. Аслан моњияти барномаи амали њизб ва њукумати Тољикистонро дар ин мавзўъ муайён менамояд. Пас гуфтан мумкин аст, ки Бобољон Ѓафуров дар ин маќолаи худ барномаи пешрафти маданият ва илми љумњуриро муайян намудааст.
Дар оѓози маќола наќши муњими ташкилотчигии Њизби коммунист дар солњои љанги Бузурги Ватанї ва сарфи назар аз мушкилињо таваљљўњи љиддї зоњир карданаш ба масъалаи тайёр кардани кадрњо сухан гуфта, сипас аввалин бор дар маќолањояш зикр мекунад, ки «Халќе, ки дар амал њељ гоњ дар љанг иштирок накарда буд, акнун дањњо њазор љанговарон ва командирони шоёни тањсин дорад, ки онњо техникаи мураккаби њарбиро аз худ карда, аз љињати љангї ва маданї хеле афзуданд. Аз фронт гашта омадани ин одамон барои республика ањамияти махсусан калон хоњад дошт, онњо сафи интеллигенсияи тољикро пур карда, ба минбаъд гул-гул шукуфтани маданияти халќи тољик мадад мерасонанд». Ин андеша, ки таљрибаи љанг онњоро пухта ва иродаашонро ќавї гардонидааст ва сахтињои замони љанг мењри онњоро ба Ватан зиёд кардааст ва мањз онњо ба љавонон дар парвариши рўњи нав зиёдтар ёрї расонида метавонанд, асоси маќола мешавад. Аз њамин сабаб хам дар вазифањои замони баъдиљангї, замони барќароркунии хољагии халќ Бобољон Ѓафуров масъалаи маърифатноккунии ањолиро ба љои аввал мегузорад. Дар заминаи назари таърихї ба роњи тайкардаи Тољикистони Шўравї вай аз љумла менависад:
«Дар баробари афзоиши иќтисодиёт маданияти Тољикистон тараќќї мекард. Фавран баъди револютсияи Бухоро (соли 1920) ќариб дар њамаи районњои Тољикистон мактаби нави советї ташкил карда шуда буд. Дар давоми солњои гузашта дањњо њазор нафар наврасон ин мактабњоро тамом карданд. Дар соли тањсили дар 2345 мактаби ибтидої, њафтсола ва миёнаи мављуда 250-280 њазор нафар бачањо, аз љумла зиёда аз 230 њазор нафар бачањои миллати мањаллї тањсил карданд. Дар техникумњо ва мактабњои олї 4640 нафар љавонписарон ва духтарон хонданд.
Дар солњои њокимияти советї дар республика санъат бо суръати пурмављ тараќќї кард. Дањрўзаи дар соли 1941 дар Москва гузаштаи санъати тољик муваффаќиятњои бузурги ин соњаро ба таври дурахшон нишон дод. Њоло мо дорои шаш театри республикавї, 6 театри вилоятї ва 5 театри районї мебошем, ки дар онњо садњо нафар ашўлачињо, раќќосон ва мусиќачиён кор мекунанд.
Пеш аз революсия дар Тољикистон ягонто њам газета намебаромад, њоло се газетаи республикавї, 10 газетаи вилоятї ва 54 газетаи районї мебарояд, ки тиражи умумии онњо нусха мебошад. Нашриёти давлатии республика дар давоми 15 сол 5023 ном китоб баровардааст, ки инњо асосан ба забони тољикї буда, аз 30.1нусха иборат аст, аз он љумла дар замони љанг 1387 ном китоб ба миќдори 4.460.000 нусха баромад.»
Дар ин фикр ва эњсоияњо як чиз дар назар шубњанок менамояд. Он ки ба назари муаллиф то инќилоби Бухоро матбуот надоштаем. Инро њамчун бехабарии Бобољон Ѓафуров аз таърихи матбуоти Осёи Миёна шарњ додан ба њаќиќат рост намеояд, њатто ба он сабаб. ки ў таърихи матбуоти империяи русро дар Университети коммунистиии журналистика омўхтааст ва њамчунин дар асари «Аз тахт афтидани амири Бухоро», ки муддатњо пештар аз ин маќола навишта шудааст, ёди матбот мекунад. Аввал ин ки таъкиди мазкур дар маќола нашриёти мусалсалро дар назар дорад, дувум ин ки воќеан њам дар арафаи Инќилоби Бухоро дар њудуди Тољикистони онрўза матбуот ба табъ намерасид. Онњое, ки ќаблан мебаромаданд, фаъолияти худро ќатъ карда буданд. Бобољон Ѓафуров дар маќола њамин фикрро гуфтааст.
Муаллиф дар маќолааш тањлили вазъи мављудаи маданиятро идома дода менависад: «Нависандагон, драмматургњо ва шоирони љавон бо сардории кўњансолтарин нависандагони тољик Садриддин Айнї ва Абулќосим Лоњутї самаранок кор карда истодаанд.
Муваффаќиятњои мо дар кори нигањдории тандурустии халќ калонанд. Њоло дар Республика 13 муассисаи тиббии стасионарї кор мекунад, ки дар онњо 6000 љой мављуд аст. Ќариб њазор нафар духтурњо ва 3.500 њазор ходимони миёнаи тиббї ба саломатии мењнаткашон њаррўза ѓамхорї мекунанд.
Тарбия кардани отряди интеллигенсияи миллии советї љамъбасти он кори бузурге мебошад, ки дар соњаи маданият гузаронида шудааст. Гуфтан кифоя аст, ки дар республика дар соли ум 12.455 нафар муаллимон, аз он љумла 9000 нафар тољикон ва ўзбекњо кор карданд.
Дараљаи маданияти худи халќи тољик таѓйир ёфт».
Бо ин арќом тањлили вазъи маданият дар маќола ба охир расида, сипас муаллиф ба проблемањо ва проблемагузорї диќќат медињад. Албаттта, зимни ин кор њам боз аз факту раќамњои њамон ваќт истифода мешаванд, аммо ин дигар марњалаи маќола аст. Дар ин ќисмат аввал фарањмандї аз бузургтарин муваффаќќияти халќи тољик зикр мешавад: «Аз нав зинда карда шудани маданияти ќадимии халќи тољик яке аз бузургтарин комёбињои ин халќ мебошад. Дар баробари ин тољикон нафаќат ба аз нав зинда кардани маданияти ќадимаи халќи худ муваффаќ шуданд, балки вайро ба комёбињои маданияти љањон, бо комёбињои маданияти халќи кабири рус ва халќњои бародарии Иттифоќи Советї бой њам карданд». Ва сипас таъкид мешавад, ки «Муваффаќиятњои соњаи маданиятро мо мањкам ба даст даровардем, онњоро њељ кас кашида гирифта наметавонад. Аммо бо муваффаќќиятњои ба даст даровардашуда маѓрур ва хотирљамъ шудан хислати одамони советї нест. Мо њоло вазифадор њастем дар бораи он фикр кунем, ки оё мо аз њамаи имкониятњое, ки њокимияти советї барои тараќќї додани маданияти халќи тољик ба мо додааст, пурра истифода кардаем?» Сипас, Бобољон Ѓафуров дар маќолааш савол гузошта, ки «Дар соњаи маданият аќибмонии мо аз чї иборат аст» масъалањои зеринро тарњ мекунад.
- суръати тайёр кардани зиёиён дар љумњурї ѓайриќаноатбахш аст. Мутахасисони маълумотдорро аз он миќдоре, ки талаботи хољагии халќ аст, хеле кам тайёр мекунем;
- моњияти аслии маданияти муосири миллиро намедонем ва онро мањдуд мекунем;
- илмро бо истењсолот пайваста наметавонем ва ё дар доираи мавзуњои хурд мањдуд мемонем;
- кадрњои мањаллиро дар тараќќии илм камтар истифода мекунем ва баъзан ба онњо бовар надорем.
Дар давоми маќола масъалањои муњими зерин тарњ мешаванд.
Аввал дар мавриди тањсил дар матабњои олии марказї:
«Пеш аз љанг дар мактабњои олии Москва, Ленинград ва дигар шањрњои Россияи марказї дањњо нафар тољикон ва ўзбекон мехонданд. Дар се соли охир таљрибаи ба ин шањрњо фиристодани љавонписарон ва духтарон хеле кам дида мешавад. Њол он ки дар республика чунин мактабњои олї нестанд, ки ба мо инженерњои геолог, энергетикњо, роњсозњо, бофандањо, мутахассисони саноати хўрокворї, инженерњои металлург, мутахассисони саноати ангишт ва нефт, инженерони бинокор, конструкторњо, архитекторњо тарбия карда бароянд. Дар дигар шањрњо ба одамон ин ихтисосњоро таълим надода, мо ба республикаи худамон зарар мерасонем, кадрњои мањаллии вайро аз ихтисосњои ба мо хеле зарурї мањрум мекунем. Бинобар ин таљрибаи ба мактабњои олии Россияи марказї фиристодани тољикон ва ўзбекњоро аз нав барќарор карда, барои омўзиши пурсамараи онњо, њамаи шароитро муњайё кардан лозим аст.
Кадрњои интеллигенсия натанњо дар омўзиш, балки бевосита дар кори институтњои илмї-тањќиќотї ва лабораторияњои таљрибавии филиали Академияи фанњо, КХ маориф, КХ зироат, КХ назорати тандурустї ва ѓайра низ тарбия карда мешаванд. Барои ин ки маданияти мо баланд бардошта шуда, таълимамон бой карда шавад, ба кори ин муассисањо диќќати љиддї додан лозим аст».
Тавре мабинем, дар ин љо муаллифи маќола ба тањсил дар донишгоњњои марказии ватинї, азбаркунии илмњои даќиќ, пеш аз њама оид ба саноат, таљрибаомўзї дар заминаи муассисањои илмї таваљљўњро љалб мекунад. Яъне, барои илм бартарї (преоритет) дода мешавад ва ман тахмин мекунам, ки Бобољон Гафуров пешрафти Тољикистонро дар саноатї ва илмї шудани хислати истењсолоти љумњурї мебинад. Шояд барои њамин њам ў мегўяд:
«Дар назди республика чунин вазифа истодааст, ки дар се-чор соли наздик Академияи Тољикистонии фанњоро ташкил кунад ва дар соли 1946 Дорулфунуни давлатии Тољикистонро кушояд. Иљро кардани ин вазифањо бешубња аз мо ба таври ќатъї бењтар карда шудани кори тайёр кардан ва тарбия намудани интеллигенсияи илмї ба дараљаи хеле баланд бардоштани кори муассисањои илмї тањќиќотиро талаб мекунад».
Воќеан вазифањое, ки дар соњаи тайёр кардани кадрњои илмї ва фарњанг пеш омаданд, нињоят муњим ва зарур буданд ва онњо диќќати љиддиро талаб мекарданд. Лињозо дар ин маќолаи директивї чунин масъалагузорї карда мешавад.
«Ташкилотњои партиявї ва советї вазифадор њастанд, ки кори илмї-тањќиќотии инженерњо, агрономњо, духтурњоро њарљониба њавсманд кунанд, тамоми шароитро муњайё кунанд, ки мутахассисони амалиётчї кори худро тањлил кунанд ва мушоњидањои худро љамбаст намоянд. Кори љамъиятњои илмиро зинда карда, гузаронидани конференсияњои илмї ва илмї-техникї, даъват намудани маљлисњои машваратиро таљриба кардан лозим аст, ки дар онњо духтурњо, педагогњо, инженерњо, агрономњо маърўзањои илмї карда метавонанд. Ба мутахассисоне, ки бо ягон сабаб мактаби олиро тамом карда натавонистаанд, ёрї расонидан лозим аст, ки маълумоти худро мукаммал кунанд ва ба касоне, ки кори илмї мебаранд мадад расонидан даркор аст, ки диссертасияи худро тартиб дињанд ва онро муњофизат кунанд».
Аз тарзи масъалагузорї, аз тариќи сухангўи дар бораи кори илмї ва олимон, аз дарку таблиѓи масъала ва проблемаи илмї маълум шуда меистад, ки мутахассис, олим муаллифи ин маќола мебошад, на каси дигар. Дар давоми сухан, вобаста ба мавзўи тарњшаванда муаллифи маќола чун сиёсатмадор падид меояд:
«Ба тараќќиёти маданияти миллї, њамчун маданияти људогонаи дар дохили худ бандбудагї, аз таъсири маданияти халќњои дигар мањрум будагї муносибат кардан, мубориза барои дар санъат нигоњ доштани пеш аз њама хислати аќибмондагї, кўњна дар байни табаќањои хеле оќибмондаи интеллигенсияи мо, ки онњо аз душворињои азхудкардани маданияти пешќадам метарсанд, инчунин дар байни боќимондањои он унсурњои душман мављуд аст, ки онњо ба суст шудани алоќаи байни халќњои Иттифоќи Советї ва суст шудани дўстии халќњои СССР манфиатдор мебошанд. Вазъи ин одамон, ки вазъи зарарнок ва харобиовар, вазъи вайронкунандаи љавонони мо мебошад, аз ин иборат аст, ки онњо мањорати касбии ходимони маданиятро инкор мекунанд ва даъво мекунанд, ки гўё бе тайёрии махсус њам фаъолияти самараноки эљодї мумкин бошад. Мо бояд дар кори худ он касонеро, ки хоњ нохоњ ба комёбињои маданияти халќњои Иттифоќи советиро азхуд кардани тољикон халал расониданї мешаванд, ќатъиян фош кунем, зеро, ки рўњияи онњо дар оќибат дар соњаи маданият миллатчигии буржуазї буда, ба манфиатњои халќи худ хиёнат кардан аст.»
Дар ин ќисмати маќола, ки нигоњи сиёсї ба санъат аст, масъалае низ нуњуфта аст, ки дертар њам ба ин ё он сабаб тарњ мешавад ва дар атрофаш фикрњои ба њам муќобил баён карда мешаванд. Ин масъалаи мазмуни сотсиалистии санъат, ки бисёрињо онро дурравї аз асли маданияти миллї мењисобанд ва ин иттињом гоњ-гоње аз нав такрор мешавад. Аммо њадафи Ѓафуров дар ин маќола мутлаќо муќобили маданияти миллї нест:
«Лозим аст, ки коркуни санъати мо музикаи халќро омўхта, бой карда ва ба камол расонида, барои аз худ кардани тамоми комёбињои санъати советї, дар навбати аввал комёбињои халќи рус шурўъ намояд, онњо аниќ ба тарзи музикавї, аз чињати техникї дуруст сароянд ва бозї кунанд… Инчунин лозим аст, ки нависандагони мо ба таври формалї не, ба таври њаќиќї бойтарин мероси назми классики тољикро аз худ кунанд. Дар айни ваќт њамаи он чизњои бењтаринеро, ки дар адабиёти халќњои бародари Иттифоќи Советї ва дар навбати аввал дар адабиёти халќи кабири рус мављуд аст, ба таври эљодї гиранд ва ќабул намоянд.
Лозим аст, ки доираи адабиёти мо ба њисоби ќиссањо, достонњо, романњо, драммањо васеъ шавад ва онњо нафаќат барои тољикон, балки барои дигар халќњои Иттифоќи советї њам, њавасангез ва пурќиммат бошанд.
Нињоят, њамаи корро кардан лозим аст, ки халќи мо бо бойтарин адабиёти Иттифоќи советї то мумкин аст, васеътар ошно шавад ва асарњои Пушкин, Лермонтов, Толстой, Гогол, Чехов, Горкий, асарњои нависандагони њозираи рус, классикони адабиёти Европаи ѓарбї, нависандагони республикањои бародарї зудтар ба забони тољикї тарљума карда шаванд»
Яке аз мавзуњои умдаи ин маќола масъалаи омўхтани забони русї мебошад ва ба андешаи устод «забони русиро надониста истода маданияти русро аз худ кардан мумкин нест». Маќолаи мазкур њовии хамаи масъалањои марбут ба маданияти миллии мо буда, натанњо дар назди эљодкорон ва ањли илму маданият, дар назди масъулин, роњбарони њизбї ва давлатї, балки дар назди тамоми миллат барои инкишофи он вазифа мегузорад, зеро:
«Агар мо њаќиќатан њам хоњем, ки Тољикистон дар дарвозаи мамлакатњои Шарќ республикаи намунавї шавад, …мо бояд дар бобати инкишоф додани маданият бо ѓайрати сечанд кор кунем.»
Дар њаќиќат њам маќолаи «Дар бори баъзе масъалањои тараќќиёти маданият ва фан» аз љумлаи маќолањои консептуалии устод буда, худашон дар татбиќи он њам, назораташ низ, хеле фаъолона иштирок карда, дар ташаккули интеллигенсияи воќеии тољик њиссаи бузург доранд. Тезис ва мавзуњои ин маќола бо мурури замон, њатто бо таѓйир ёфтани сохти иљтимоии Тољикистон ањамияти худро гум накардаанд.
Дар бораи фаъолияти публисистии Бобољон Ѓафуров дар солњои сухан ронда, ба як масъала таваљљўњро љалб кардан мехоњам. Ин масъалаи суханронињояшон дар анљуманњо мебошад. Албатта, вазифаи њамаи роњбарон аст, ки дар маъразўњо перомуни мазўњои муњими сиёсї сухан гўянд, дар съездњо сухан карда, масъалањои корро тарњ кунанд. Моњиятан њамаи маърўзањо хислати њисоботї-директивї доранд. Моњиятан суханронињо сарфи назар аз он ки чи гуна сурат гирифтаанд, маќсади таъсиррасонї доранд ва маќсад аз таъсиррасонї ба њаракат овардани онњое мебошад, ки ин сухан ба онњо равона шудааст. Ва аслан маќсади публисистика низ дар ин аст, ки барои муайян кардани мавќеи одамон дар њаёти иљтимої таъсир расонад. Аз ин љињат маърўзањо ва маќолањо бори баробар доранд ва гумон мекунам маърўзањоро низ дар чорчўби баромадњои публисистї мулоњиза кардан ѓалат намешавад. Махсусан агар сўњбатњои радиої ва телевизионї, амри маъруф ва амсоли инро бо онњо муќоиса кунем, моњияти публисистии маърўзањо бештар ошкор мешаванд. Ба њамин маъно ман аслан мехостам як суханронии устодро дар анљумани нависандагони Тољикистон ба тањлил гирам, аммо ќабл аз он мехостам, ки барои нишон додани љараёни умумии фикрронї ва масъалагузорињои устод аз суханронињояшон дар анљуманњо порчањоро тањлил кунем.
11 октябри соли 1952 Бобољон Ѓафуров дар анљумани Х1Х ЊК (б) Уммумииттифоќ сухан ронда, асосан дар атрофи масъалаи миллї, муносибати байни миллатњо, маданияти миллатњо ва љойи он дар маданияти сермиллати шўравї сухан гуфт. Раиси Иттифоќи нависандагони Шўравї А. А Фадеевро барои суст шудани танќиди њаќиќї дар адабиёт танќид кард, раиси Госкинои Шўравї Болшаковро барои он ки кино суст шудааст ва њаќиќати љомеаи моро нишон дода наметавонад, зери тозиёнаи танќид гирнифт. Аз нигоњи мутахассис вазъияти санъатро тањлил карда гуфт: «Коркунони санъат ва кинематография якзайл бо нависандагон дар ин бора бањс мекунанд, ки кадоме аз онњо ба аќиб мондани санъати кино бештар гунањгор њастанд. Ин бањсњо, ки ба мисли бањси ќањрамонони асари Гогол - Иван Иванович ва Иван Никифорович мебошанд, чандин сол боз кашол шуда истодаанд.»
Дар ин порча, ки аз маърўза аст, мо натанњо факти конкретро мебинем, натанњо танќиди рўирости шахсони масъулро мебинем, балки балоѓат ва образи суханро низ эњсос мекунем, мањорати публисистонаи каломро низ дарк менамоем.
Барои тањлили амиќ мо маърўзаи Бобољон Ѓвфуровро дар анљумани 111 нависандагони советии тољик ( августи соли 1954), ки «Барои пешрафти минбаъдаи адабиёти советии тољик» номгузорї шудааст, мегирем. Аз рўи инсоф бояд гуфт, ки аслан ўро бидуни шарњу эзоњ ва ихтисор чоп кардан, пурра овардан мумкин буд. Зеро дар вай натанњо вазъи адабиёт, санъат ва маданияти онваќтаи тољик дар он солњо умуман, балки платформаи минбаъдаи инишофи ин соњањоро барои давраи муайян донистан мумкин аст. Албатта, дар нутќ асос нишондод ва дастурњои ЊК ва давлати Шўравї аст, вале он дастурњо бо диду фањми Бобољон Ѓафуров суфта шудаанд, ба шароити Тољикистон, ба муњити Тољикистон мувофиќ карда шудаанд, манфиати мардуми Тољикистон ва халќи тољикро дар назар доранд. Онњоро мисли публисистикаи устод Садриддин Айнї, мактубњои ў ва устод Абулќосим Лоњутї ба адибон дастури амал, мавќеи миллї ва намунаи фаъолият донистан мумкин аст. Њатто аз нигоњи он ки ин суханњо аз забони шахси аввалмартабаи љумњурї садо додааст, онњоро на њамчун маслињати шахсияти вориди масъала, балки њамчун дастури ў фањмидан лозим аст. Ин матлаб боз аз он љињат муњим аст, ки Бобољон Ѓафуров дар он айём оѓози пинњонии равиши нави давлатдориро, ки дар он дурравї аз сиёсати одатшуда эњсос мешуд, дарк карда буд. Дар ин чо ба як масъала равшанї андохтан лозим аст, ки сабаби аз вазифаи давлатї хориљ шудани Бобољон Ѓафурови 47 сола ва бо дарназардошти хизмати воќеї ва содиќонааш, донишмандиаш ба њар њол дар њудуди идорањои давлатї боќї монданаш аз он вобаста аст. Шахсе, ки ба кори мекардааш њаќќонї бовар дорад, шахсе, ки ба идеяи таблиѓ мекардааш њаќќонї бовар дорад, шахсе, ки ба шахсияти бузургтар аз худ эътимоди њаќиќї дорад, њар бўњронеро, ки дар ин чорчўб пайдо мешавад, ором тањаммул карда наметавонад, худро аз он роњ нигоњ доштанаш душвор мешавад. Дар масъалаи идеяе, ки барояш хизмат кардааст, дар масъалаи шахсияти Сталин Бобољон Ѓафуров чунин мавќеъ дошт. Осон аст, барои онњое, ки барояшон таѓйир додани идея ва муносибат, дигар кардани аќида душворї намеорад, онњо имконияти бештар дар њалќањои дилхоњ мондан доранд.
Мегардем бар сари маърўзае, ки перомунаш сухан оѓоз намудем. Дар ќисмати авали он ки «Њаётро хубтар омўзем, образњои ќањрамонони њаќиќии давронро эљод кунем» номида шудааст, сухангўй аз муваффаќиятњои баркамоли адабиёти советии тољик ёдовар шуда аз љумла мегўяд:
«Халќи мо асарњои Садриддин Айнї, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуѓзода, Мирсид Миршакар, Рањим Љалил, Љалол Икромї, Аминзода, Фотењ Ниёзї, Ѓаффор Мирзоев, Дењотї, Муњаммадљон Рањимї, Саидалї Вализода, Суњайлї, Шукўњї, Фарњат, Толис, Ќањњорї ва дигар шоирон, насрнависон ва драмматургњоро бо камоли муњаббат мехонанд, месароянд ва тамошо мекунанд. Халќи мо ба бењтарин асарњои нависандагони советии тољик фахр мекунанд.
Бисёр асарњои нависандагони советии тољик, махсусан асарњои Садриддин Айнї ва Мирзо Турсунзода нафаќат дар Иттифоќи советї, балки берун аз њудуди он, махсусан дар мамлакатњои хориљии Шарќ машњуранд. Газетањо ва журналњои Хитой, Њиндустон, Покистон, Афѓонистон, Эрон аз асарњои ин нависандањо порчањо нашр намуда, бахшида ба эљодиёти онњо маќолањо чоп мекунанд.
Ба забони русї тарљума ва дар Москва нашр карда шудани шеърњою поэмањои Миршакар, романњои Рањим Љалил, Љалол Икромї, Улуѓзода, повести Фотењ Ниёзї ва дигар асарњо дар њаёти халќи мо њодисаи намоён аст.»
Аммо ин мувафаќќиятњо муаллифро ќонеъ намекунанд, бинобар ин ў якбора танќидро оѓоз мекунад. «Дар баробари ин ќайд кардан лозим аст, ки инкишофи адабиёти тољик аз талаботи халќ хеле аќиб мемонад ва ба тараќќиёти пурзўри хољагии республика мувофиќ нест. Ман ба худ љоиз медонам чунин ташбење оварам: агар республикаи мо дар роњи тараќќиёти хољагии худ ба суръати автомобил њаракат карда пеш рафта бошад, пас нависандагони мо аз оќиб ва ба сурати ароба кашол шуда рафтанд.»
Муќоисаи адабие, ки муаллиф овардааст, аз як тараф танќиди сахте мебошад, ки вазъи онрўзаи адабиётамонро ошкор мекунад, аз тарафи дигар малоњат ва образи сухан теѓњои ин танќидро нарм мекунанд. Аммо маќсади муаллиф ноаён кардани танќиди камбудї нест, балки муассир кардани он аст. Биноан, дар идомаи сухан мугўяд: «Нависандагони мо асарњоеро, ки њаёти пурмављ ва бисёртарафаи республикаро нишон дињанд, њанўз хело кам эљод мекунанд. Онњо њатто аз сад як њиссаи он дигаргунињои бузургеро, ки дар республика дар зарфи солњои мављудияти он ба вуљуд омаданд, инъикос накардаанд. Онњо бахшида ба одамони шоёни мо - дигаргункунандагони табиат ва бунёдкунандагони прогресс њанўз кам повестњо, романњо, поэмањо ва пйесањои њаяљоновар ва таъсибахш эљод карданд. Бисёр асарњои нашршудаи онњо на аз љињати тематикї ва на аз љињати бадеї халќи моро пурра ќаноат кунонида наметавонад.
Образњои эљодкардаи нависандагони мо мукаммал набуда, шоистаи таќлид нестанд. Кас асарњои нависандагони моро хонда, дар њайрат мемонад : онњо чунин одамонеро, ки тафаккури баланд ва њиссиёти равшан надошта, балки фаќат бо манфиатњои мањдуди истењсолї зиндагї мекунанд, аз куљо мегирифта бошанд. Ќањрамони асарњои бисёр нависандагони мо ба он плакате монанданд, ки дар рўи вай зане табассумкунон дар даст ќанори пахта нигоњ дошта бошад. Охир њаёти ќањрамонони даврони мо нафаќат аз ѓалабањо ва табассумњо иборат аст, њаёти онњо пур аз муборизаи њаррўзаи муќобили душворињо, пур аз задухўрдњои оштинопазири зидди душманони њаёти нав, зидди љорикунандагони урфу одатњои боќимондаи замони гузаштаи феодалї мебошад.
Ба фикри ман, камбудии аз њама калони нависандагони Тољикистон он аст, ки онњо њаёти республикаро наѓз намедонанд, аз фикру зикри ташкилоти партивии Тољикистон ва халќи тољик тасаввуроти равшан надоранд.»
Баъди ин Бобољон Ѓафуров дар бораи муваффаќиятњо ва камбудињои хољагии халќи кишвар, аз љумла зироаткорї ва пеш аз њама пахтакорї, саноат ва маданият бо мисолњои аниќ сухан мегўянд ва проблемаю мавзўњоеро, ки низ метавонистанд, мавзўи адабиёт шаванд, нишон медињанд. Мисоли зеринро аз соњаи маданият меоранд:
«Панљ-шаш сол пеш мо дар чунин ањволи сахт монда будем, ки мактабњои олии худро бо талаба таъмин карда наметавонистем, зеро шумораи шахсоне, ки синфњои дањумро тамом кардаанд, кифоя намекард. Ваќте ки мо ба ин участкаи кор ба таври бояду шояд машѓул шудем, маълум гардид, ки дар натиљаи бад кор кардани органњои маорифи халќ, дар натиљаи бад ба роњ монда шудани кори тарбиявї дар байни ањолї шумораи хеле бисёри талабагон мактаби миёнаро тамом накарда партофта мерафтаанд, махсусан шумораи духтарон, ки мактаби миёнаро партофта мерафтанд, зиёдтар буд.
Бо маќсади бењтар кардани кори мактабњо тамоми ташкилоти партиявї, тамоми халќ машѓул шуд. Дар натиља дар соли 1954 назар ба соли 1946 шумораи шахсоне, ки мактабњои миёнаро тамом карданд, дањ баробар, шумораи љавонон ва духтарони миллатњои мањаллї, ки мактаби миёнаро хатм карданд, бештар аз бист баробар зиёд шуд.
Хўш, мо магар бахшида ба муаллим китобњои наѓз дорем? Не, мо ингуна китобњоро надорем.»
Бобољон Ѓафуров таъкид мекунад, ки дар асарњои адабиёти мо албатта образњои дењќонон, коргарон, зиёиён, коркунони партиявї њастанд, аммо аксарияти онњо симои воќеии онњоро ифода карда наметавонанд. Дар њамин радиф ў романи «Диёри Навобод»-и Сотим Улуѓзодаро ба тањлил мегирад. Ин тањлил дар сабк тахлили хеле сарењи таќризнависи касбиро мемонад ва ба фикр аз нигоњи сиёсї дида, бештар љанбаи адабиётшиносона дорад:
«Њатто дар асари нависандагони пешрав ва пуртаљрибаи мо њам романтикаи революсионї дида намешавад. Масалан, романи Улуѓзода «Диёри Навобод» умуман асари хуб аст. Аммо азбаски муаллиф пешомадњои тараќќиёти хољагии ќишлоќро наѓз намедонист, бо њамроњии ќањрамонони худ ба пеш нигоњ карда натавонист, дар зарфи он солњое, ки ин китоб эљод карда мешуд, бисёр фикрњои асар кўњна шуда мондаанд. Он чизе, ки ќањрамонони асар дар роњи вай мубориза мебаранд, дар њаёти колхозњои мо марњалаи тайкардашуда мебошанд.
Рафиќ Улўѓзода мумкин аст ба ман эътироз баён карда, бигўяд, ки ман дар бораи њаёти имрўза не, балки дар бораи њаёти гузашта навиштаам. Њар чи њам бошад, бояд дар њар асар рўњи замони њозира њис карда шавад – ба њамин сурат ин асар муддати дароз ба халќ ѓизои маънавї дода метавонад.
Алалхусус њамонро њам ба рафиќ Улуѓзода хотиррасон кардан лозим, ки њатто дар њамон давраи тасвиркардаи ў навдањои њаёти нави имрўзаи колхозњои мо намоён буданд.»
Пас аз ин Бобољон Ѓафуров перомуни мавзўњои асосие,. ки бояд адибони тољик ба он тавваљљўњ кунанд, сухан меронад. Дар ин чорчўб мавзўи аввал «Мавзўи Партияи коммунистї, мавзўи дўстии халќњо-дар эљодиёти нависандагони мо бояд мавзўи асосї гардад», диќќатро ба худ мекашад. Муаллиф дар ин бобат чунин масъалањоро пеш мегузорад:
1. Нишон додани роли партияи мо дар сохтмони коммунизм, нишон додани таърихи ќањрамононаи он вазифаи аввалини нависандагони мо мебошад.
2. Нависандагони мо сиёсати миллиии Партияи Коммунистиро васеъ пропаганда карда, натиљањои пурсамари дўстии халќњои СССР-ро нишон дода, дар айни замон бояд идеологияи инсонбадбинии империализм ва ќасдњои онро, ки як халќро ба халќи дигар барангехтанї мешавад, фош кунанд.
3. Муњимтарин вазифаи нависандагони Тољикистон иборат аз он аст, ки халќи моро дар рўњи муњаббат ва њурмат кардани тамоми халќњои Ватани кабирамон ва пеш аз њама, бародари калонии мо - халќи рус тарбия намояд.
4. Ба њамаи нависандагони мо вазифаи фахрие гузошта мешавад, ки халќи тољикро бо комёбињои барљастаи адабиёти рус ва адабиёти дигар халќњои бародарї шинос кунад.
5. Нависандагони мо бояд космополитони бемаконро њам берањмона фош кунанд Ба ин муносибат масъалаи омўхтан, ба забони русї тарљума ва нашр кардани классикњои адабиёти тољик ањамияти махсус пайдо мекунад. Мо бояд дар бораи ба забони тољикї нашр кардан, инчунин аз забони тољикї тарљума ва нашр намудани асарњои Рўдакї, Фирдавсї, Абуалї ибни Сино, Носир Хисрав, Саъдї, Умари Хайём, Њофиз, Камоли Хуљандї, Абдурањмони Љомї, Сайидои Насафї, Ањмади Дониш ва дигарон ѓамхории љиддї кунем.
Дар баробари масъалагузорї дар ин ќисмат, роњбари љумњурї инчунин таъкид њам мекунад, ки «Дар омади гап бояд гуфт, ки тарљумаи асрњои бадеї ба забони тољикї њанўз ќаноатбахш ташкил карда нашудааст. Дар ин кор як системаи муайяне мављуд нест, баъзан асарњои тасодуфї њам тарљума карда мешаванд. Иттифоќи нависандагони советї ба ин кор наѓз машѓул намешавад, махсусан аз болаи сифати тарљума назорати хуб муќаррар карда нашудааст.»
Ќисмати сеюми нутќи Бобољон Ѓафуров дар анљумани нависандагони Тољикистон «Ба муќобили душманони ватанамон беамон мубориза барем, љорикунандагони боќимондањои урфу одатњои кўхнаро фош кунем» номида шуда, масъалањое, ки дар назди адабиёт гузошта мешаванд, дар ин унвон ифода шудаанд. Дар ин ќисмат, ки бо маслињати «нависандагон бояд нафаќат ба ќањрамонони мусбати худ муњаббати гарму љўшон дошта бошанд, балки дар њаќќи душманон њам адовати нишон дињанд», оѓоз мешавад, диќќат ба муборизаи зиддии оташдињандагони љанги нав, буѓикунандагони озодї ва истиќлолияти миллии халќњо боќимондаи хурофотњои динї, миллатчигї нигаронида мешавад. Зикр мешавад, ки ваќтњои охир дар Америка ва Англия як силсила китобњое нашр шудаанд ва масъалаи Осиёи Миёнаро чунон тарњ мекунанд, ки дар дили пантуркистону панисломистњо машъали умед меафрўзанд ва дар муќобили онњо бояд мубориза бурд. Дар хусуси муборизаи зидди хурофот сухан ронда, Бобољон Ѓафуров менависад, ки «Ман махсусан мехостам шоири љавони истеъдоднок Ѓаффор Мирзоевро рафиќона танќид кунам, ки дар лирикаи вай ќариб њељ оњанги љамъиятї-гражданї мављуд нест, аз лирикаи вай бўи замони њозира хеле кам меояд. Баъзе шеърњои вай зиннати албомњои шахсї шуда тавонанд њам, аммо барои назми советї намуна шуда наметавонанд» дар ин замина гўянда дар мисоли «Њар гулеро як харидор» сухан мегўяд.
Баъд дар маърўза перомуни дар асарњои бадеї инъикосшавии масъалањои муборизаи зидди одатњои бад - мансабпарастї, хушомадгўї, бюрократї, вайронкунандагони интизоми мењнатї, боќимондањои одатњои бої-феодалї сухан меравад. Бобољон Ѓафуров дар тањлили ин мавзўњо барои рафъ кардани шубњахо мегўянд: «баъзе нависандагон чунин фикр мекунанд, ки агар онњо њодисањои пурнуќсонро фош кунанд, онњоро ба тўњмат кардан нисбат ба њаёти советї айбдор хоњанд кард.
Албатта, агар њамаи одамон њамчун пањнкунандагони боќимондаи хурофотњои зарарнок тасвир карда шуда, тамоми асар аз типњои аќибмонда ва манфї пур карда шавад, ин бўњтон аст. Аммо агар нависанда муборизаи одамони пешќадамро ба муќобили аќибмонї ва кўњнапарастї, тантанаи љањонбинии нави прогрессивиро нишон дода, љорикунандагони боќимондањои хурофотњои кўњнаро масхара ва мањкум кунад, пас вай бо њамин кори хуби фоиданок мекунад.»
Бобољон Ѓафуров тарзи масъалагузориро дар асар нишон дода, роњи рости адабиётро зикр мекунанд ва дар замина он асарњоеро, ки дар адабиёти тољик пайдо шудаанд. Номбар ва бурду бохти онњоро мисли донандаи њаќиќии соња тањлил менамоянд:
|
Из за большого объема этот материал размещен на нескольких страницах:
1 2 3 4 5 6 7 |


